(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ мулоқот дар мавзуъҳои доғи рӯз- пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ ва фаъолияти ғайриқонунии ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ бо табибон ва кормандони ин муассисаи тиббӣ баргузор гардид.

Ҳотам Маҳмудов, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзуъи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки мақсади марому ниҳоии Стратегияи мазкур паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, ҷиҳати рушди иқтисодиёт, демократия, мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва иҷрои дигар ҳадафҳои Стратегияи миллии Рушд дар кишвар мебошад.

Таъкид шуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ, халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз муборизаи дастҷамъона алайҳи ин зуҳуроти ҷомеа кори ҳамагон буда, пешгирии он вазифаи муҳим шуморида мешавад.

Сипас, Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр доир ба авзои сиёсии минтақа, кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, ҷаҳонишавӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархурд манфиатҳои тамаддунӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва хатрзои ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ маърӯза намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки имрӯз дар ҷомеа қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва дигаргун намудани сохтори давлат мебошад.

Усмонҷон Юсуфӣ таъкид дошт, ки яке аз сабабҳои шомилд гардидани ҷавонони гумроҳ ба сафи созмону ташкилотҳои байналхалқии терорристӣ-экстремистӣ, аз қабили «Давлати исломӣ», «Ҷабҳаб-ан Нусра», «Талбиғ», «Салафия», Ихвон-ул Муслимин» ва ғайраҳо маҳз дар сатҳи паст қарор доштани маърифату маълумоти динӣ, фарҳангӣ, дунявӣ ва сиёсӣ, суст ба роҳ монда шудани тарбияи онҳо аз ҷониби волидайн, фаъолони ҷомеа, зиёиён, намояндагони расмии дин ва рӯҳоиёни барӯманд мебошад. Омили дигари ифротишавии ҷавонон таҳсили ғайрирасмии эшон дар муассисаҳои динии давлатҳои исломӣ мебошад.Зеро ҷавонони мо дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла мамолики араб дар муассисаҳои динӣ солҳои тӯлонӣ таҳсил намуда, пурра фарогири мазҳаби динӣ, фарҳанг, урфу одат ва ҳатто забони онҳо мегарданд ва баъди баргаштан ба ватан тибқи супориши хоҷагони худ ба ташвиқу таргиб ва паҳн намудани мазҳабу фарҳанги ба миллати тоҷик бегона машғул мешаванд.

Сардори маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд Адиба Мамадова баргузории чунин мулоқотҳоро талаби рӯз унвон намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо ин пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуб буда, дар сурати ошкор шудан аз ҳолатҳои ҷинояткорӣ бетарафӣ накунем ва бо мақомоти марбута ҳамкории судмандро ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ ба роҳ монем.

Чорабинӣ бо суолу пешниҳодҳои судманд анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд