(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд чорабинӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолони шаҳр дар партави мулокоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и вилояти Суғд аз ҷониби аъзоёни Шўрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба шарҳу муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ бо фаъолони шаҳр мулоқоти васеъ барпо карда шавад.

Сипас, муовини Раиси Суди иқтисодии вилоят Исмоилзода Раҳмоналӣ, сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати андози вилояти Суғд Наимҷон Комилзода ва сардори шуъбаи прокуратураи вилоят Файзулло Таваккалзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем. Таъмин намудани рушди дарозмуддати Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин самт ҳамаи мо низ масъул мебошем.

Зикр гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, истифодаи шаффофу самараноки маблағҳо, таъмини устувории пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти самаранок ва бехатарии низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони бахши иқтисодӣ мебошанд.

Дар анҷоми мулоқот таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва ҳамаи иштирокчиёни мулоқот вазифадоранд, ки минбаъд низ баҳри таъмини дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуқтаҳои баёнгардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри пешрафту тараққиёти Ватани азизамон саҳми босазои худро гузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд