(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба мумфаршкунии асосии роҳи кӯчаи Абулқосим Фирдавсии маҳаллаи Ҷаббор Расулови маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд расман ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар маросими маъракаи мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки ин амали хайри мумфаршкунии роҳ дар заминаи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар амалӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ аз оғози маъракаи мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд як қатор кӯчаҳои шаҳр аз ҷумла Мақсудҷон Танбурӣ, Ҳаким Карим, академикон Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Саиднофеъ Саидвалиев, Абӯлаӣ Ибни Сино, Чайковский, Озодӣ, Мунзифа Ғаффорова, Деҳқон, дохили маҳаллаи маҳаллаи Баҳор, микроноҳияи 12-ум ва ғайраҳо бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ, соҳибкорон ва дигар ашхоси саховатпеша мумфарш карда шуданд.

Итилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаи Абулқосим Фирдавсӣ ки аз буриши кӯчаи Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Гагарин мерасад наздик 2 километр буда, паҳноии он то 12 метр мебошад. Ҳаҷми умумии корҳо 18 800 метри мукааб мебошад. Пудратчии корҳо ҶДММ “Тоҷроуд” буда, то 10 рӯз корҳои мумфаршкунӣ ба анҷом хоҳанд расид.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова аз ин иқдомоти созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд истиқболи гарм намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мо ҳамагон дар канор наистода, бо ҳамраъйии Давлату Ҳукумат диёри хешро то 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу мунаввар намоем.

Сипас, бо дуои неки пирони маҳалла ба мумфаршкунии асосии роҳ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки кӯчаи Абулқосим Фирдавсии маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд яке аз кӯчаҳои асосии шаҳр маҳсуб ёфта дар шафати он сокинони зиёд зиндагӣ менамоянд. Дар кӯчаи мазкур муассисаҳои соҳаи маориф, идораҳои давлатӣ, марказҳои савдо вуҷуд доранд. Кӯчаи мазкур дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал мумфарш карда мешавад. Солҳои охир муроҷиати мардум бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба харобии кӯчаи номбурда бештар ба назар мерасид. Баъди гузаронидани хатти об ва ташноб тариқи кӯчаи мазкур он мумфарш гардида истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд