(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Рӯзҳои охир шикояти сокинони шаҳри Хуҷанд ба идораи “Хуҷандобуканал” вобаста ба норасоии оби нӯшокӣ, бахусус ба ошёнаҳои болоии хонаҳои баландошёна афзуда, аз ҷониби роҳбарияти идораи номбурда роҳҳои ҳалли масъала мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Кормандони шуъбаҳои дахлдори идораи «Хуҷандобуканал» ҳамарӯза тибқи нақшаи пешбинишуда, санҷишҳои назоратӣ гузаронида, ҳолатҳои васлу истифодаи ғайримақсадноки хатти об дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Хуҷандро ошкор намуданд.

Маълум гардид, ки шаҳрвандон оби нӯшокиро тамоми шабонарӯз бо мақсади таъмини оби полезӣ истифода бурда ба ин васила зарари ҷидди хешро ба идораи “Хуҷандобуканал” мерасонанд. Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1600 чунин ҳолатҳо ошкор карда шуданд, ки боиси нигаронист.

Аз ҷумла, дар микроноҳияи 13-и шаҳри Хуҷанд шаҳрвандоне пайдо шуданд, ки бо қубурҳои қутраш калон оби нӯшокиро шабонарӯз барои заминҳои полезии худ истифода менамоянд. Ҳол он, ки бино ба ҳисоби мутахасисон аз ин қубури об дар як соат 11, 56 куб об ҷорӣ мешавад. Дар як шабонарӯз он 276, 5 кубро ташкил медиҳад. Ин миқдор об барои таъмини зиёда аз 200 оила ё худ бошандагони 4 хонаҳои баландошёнаи микроноҳияи 13-уми шаҳр дар як шабонарӯз басанда аст.

Ҳол он, ки шаҳрвандон метавонистанд бо идораи «Хуҷандобуканал» шартнома баста, бо насби ҳисобченкунак ҳамарӯза баъди соати 22:00 то саҳар истифода намоянд.

Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки агар аз ҷумаки об дар як сония як қатра об бичакад, пас дар зарфи як сол ин рақам 10 000 литрро ташкил медиҳад. Маънои “қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад” ин аст. Ё ин ки аз лӯлаи оби сурохиаш баробари нуги сузан дар як шабонарӯз 840 литр об беҳуда ҷорӣ мешавад. Ҳол он, ки дар бархе ҷойҳо дар як сония даҳҳо литр об ҷорӣ шуда истодаасту шаҳрвандон беэътиноӣ зоҳир менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки агар 10 сол муқаддам муштариёни хизматрасонии идораи “Хуҷандобуканал” ҳамагӣ 42 ҳазор нафар бошад, имрӯз он ба зиёда аз 54 ҳазор нафар расидааст. Бо вуҷуди ин маҳаки асосии фаъолият баҳри беҳтару сифатан хуб намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ нигаронида шудааст.

Рӯзҳои охир баланд шудани ҳарорати ҳаво фаъолияти КВД “Хуҷандобуканал”-ро ба мушкилот рӯбарӯ намуда бошад ҳам, роҳбарияти ин идора кӯшиш намуда истодааст, ки таъмини оби нӯшокии бардавомро ба хонаҳои шаҳрвандонро мунтазам ба роҳ монад.

Таҷҳизоти насбгардида дар идораи “Хуҷандобуканал” имкон медиҳад, ки раванди таъмини оби нӯшокӣ ба хонаҳои шаҳрвандон тариқи онлайн назорат бурда шавад. Яъне, фишори об ва рух додани садамаҳо ба тариқи фаврӣ маълум карда, ба он ҷойҳо барои бартарафкунӣ гуруҳҳо сафарбар карда мешаванд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш ва даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани об тадбирҳо андешанд ва ҳар қатраи онро ба манфиати умум истифода баранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд