(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ баргузор гардид.

Баъди тасдиқи муқаррароти иҷлосия вакилон нахуст масъалаи марбут ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар шаҳри Хуҷанд ва вазифаҳои минбаъда ҷиҳати густариши фаъолият дар ин самт”-ро баррасӣ намуданд.

Роҷеъ ба масъалаи номбурда Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки то имрўз аз ҷониби шуъбаву сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин самт корҳои муайян ба иҷро расонида шудааст. Аз ҷумла, дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 феврали соли 2017, №835 Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 5 апрели соли 2017, №142 Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 4 июни соли 2018, №295 Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳия карда шуда, дар маҳаллаҳои шаҳр ва муассисаҳои таълимии шаҳр комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии қонуни мазкур таъсис дода шудааст.

Мақсади асосии қонун пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди муассисаҳои томактабӣ эътибори хоса зоҳир карда шуда, таъмиру сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъати тоза касб намудаанд. Дар шаҳр ба кўдакони душвортарбия, аз оилаҳои носолим ва осебпазир аҳамияти хоса зоҳир мегардад. Дар ин давра муассисаи давлатии “Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кўдакон”-и шаҳри Хуҷанд ба кўдакони аз оилаҳои носолим, дучори зўроварии хонаводагӣ ва аз таҳсил берунмонда кўмакҳои равонию иҷтимоӣ ва таълимӣ расонид.

Доир ба масъалаи номбурда вакилон Матлуба Муинова ва Муҳсин Исобоев изҳори андеша намуданд.

Ҳамзамон вакилон ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Хуҷанд”, № 9 Заррина Болтуева гӯш карда, масоили оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети шаҳр барои семоҳаи дуюми соли 2019, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум аз 28 декабри соли 2018, №280 «Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд» мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тасдиқ карда шуданд. Дар ҷараёни иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ иштирок ва вобаста ба масъалаи баррасишуда суханрони намуд. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд