(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Ба таваҷҷуҳи китобдўстони шаҳри Хуҷанд ва мухлисони каломи бадеӣ мерасонем, ки бақайдгирии довталабони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ таҳти унвони «Фурўғи субҳи доноӣ…» 20-уми июни соли 2019 ба охир мерасад.

Даври интихобии озмуни шаҳрии “Фуруғи субҳи доноӣ...” рўзҳои 24-28-уми июни соли 2019 (ҳамарўза аз соати 8: 30 то 12: 00) дар бинои Китобхонаи оммавии шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар микроноҳияи 20-ум, маҳаллаи Суғдиён, хиёбони Истиқлол, №14 "б" баргузор мегардад.

Довталабоне, ки аз даври интихобӣ мегузаранд, ба даври шаҳрии озмун роҳ меёбанд. Даври шаҳрии озмун моҳи июл доир мешавад ва дувоздаҳ нафари ғолибомада аз рўи чор номинатсия мутаносибан 2000, 1200 ва 800 сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.

Шоҳҷоизаи даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» 5000 сомонӣ муайян шудааст.

Биштобед ва ғолибият ба даст оваред!

Телефон барои тамос: 92 770 70 39

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд