(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бо эҳтимоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии Ҳукумати мамлакат корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 341 банд,аз ҷумла сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ бо маром идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи чорабинии мазкур бунёди як қатор корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳоро дарбар гирифтааст ва дар давраи аз соли 2018 то соли 2021 сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар маҷмўъ то имрўз дар доираи тарҳҳои пешбинишуда, аллакай 48 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи беш аз 323 миллиону 910 ҳазор сомонӣ бомуваффақона иҷро шуд. Ва дар ин самт як қатор иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ, савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин тадбирҳо имкон дод, ки дар шаҳри Хуҷанд наздик 900 ҷойи нави кори доимӣ таъсис дода шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар 61 банди нақшаи чорабиниҳои тадбирҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои сохтмонӣ вобаста ба бунёди як қатор иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ, саноатию хизматрасонӣ ва маъмурӣ идома дорад.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд