(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Табрикоти Раиси шаҳр ба муносибати Рӯзи Милитсияи тоҷик Кормандони милитсия, кулли собиқадорони соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба муносибати 96 солгарди таъсиси милитсияи тоҷик аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатию сарбаландӣ ва барори кор таманно дорам.

Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти милитсия дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Аз ташкилёбии он, ки имрӯз 96 сол сипарӣ мегардад, дар тӯли ин солҳо ба ӯҳдаи ин кормандони мақомоти корҳои дохила вазифаҳои беҳад мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб мекард. Дар шаҳри Хуҷанд низ дар чунин шароит барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя мерасиданд.

Барои пойдории Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла беҳтарин кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хуҷанд низ ҷони худро қурбон намуданд, ки хотираи онҳо дар дилҳои мо абадӣ боқӣ мемонад.

Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо,ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуқтаҳо дар баромадҳои Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят муҳтарам Қоҳир Расулзода алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.

Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Бо ҳамин умедҳо бори дигар ҳамаи Шумо кормандони бонангу номуси милитсияро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулиятатон ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу дорам.


Ид муборак ҳомиёни Ватан!