(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷамъбасти нимсолаи аввал

Fамхорӣ нисбат ба бонувон

 

Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар давраи шаш моҳи аввали соли 2013 бо дастгирии ҳамешагии Раиси шаҳри Хуҷанд, мӯҳтарам Раҷаббой Каримов фаъолияти хешро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин қарор ва амрҳои Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ва иҷрои нақшаи корӣ равона намуд, -гуфт дар сӯҳбат ба мо мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Муҳайёхон Дадобоева.

Бахусус, ҷиҳати иҷрои банди 6-уми барномаи «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», баҳри пешгирии бемориҳои нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД, тарщиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, хусусан занон доир ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, сиҳатии модару кӯдак ва танзими оила якчанд маротиба машварати омӯзишӣ гузаронид.

Ба ифтихори Рӯзи модар бо ҳадафи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мулоқоту вохӯриҳо, конфронсҳо ва мизи мудаввар дар мактабҳои олӣ, миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои касбӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр доир гардиданд.

Аёдат ва қадршиносии занони собиқадор, фаъолзанон, ки дар рушду нумӯи ҷомеа ҳиссаи арзанда гузоштанд, аз номи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Алҳол дар шаҳр, 31 нафар ба ҳайси директори мактаб, 33 нафар чун мудири кӯдакистон, 7 нафар ба ҳайси сардухтури беморхона, 7 нафар вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳисоби занон интихоб шудаанд. Шумораи занони олима низ солҳои охир меафзояд.

Аз шаҳр 3 нафар занон: Нигина Ахмедова (маблағи 20.000с.), Манзура Шарифова (10.000с.) ва Шаҳнура Асророва (10.000с.) ба гирифтани Гранти Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода мушарраф гардиданд ва ҳоло фаъолияти соҳибкориашонро пеш мебаранд.

Хамзамон, мулоқоту сӯҳбатҳо оид ба пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва ба сӯиқасди он даст задани шаҳрвандон бо иштироки ҳуқуқшиноси маркази иттилоотӣ-машваратии назди бахши кор бо занон ва оила И.Шодиев ташкил ва гузаронида шуд.

Дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр бо сокинон баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии занон аз ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва гирифтани қарзҳои хурду миёна ба соҳибкорзанон, оид ба рафти дар амал татбиқ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии зиёдшавии ҷиноятҳо аз тарафи занон ва ҷавондухтарон, аз ҷумла, куштор, қаллобӣ, дуздӣ, хариду фурӯши одамон вохӯриву сӯҳбатҳо гузаронида шуданд.

Ҷамъбасти нимсолаи аввалБояд ёдрас шуд, ки дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2013-ум ба унвони бахш 35 таъиноти хусусӣ доир ба оилаву оиладорӣ, ҷудошавии оилаҳо ворид гардида, аз онҳо 3 нафар оштӣ карда шуданд. Ҷудошавии оилаҳо бошад, дар ин давра 160 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 32 оила кам мебошад.

Ба қайдгирии оилаҳо бошад дар 6 моҳи соли 2013 – 694 ҷуфт (соли 2012 - 705) оила барпо намудаанд.

Феълан шумораи умумии аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд 168 ҳазору 400 нафар буда, аз он 85 ҳазору 200 нафарро занон ташкил медиҳанд. Ҳоло дар зиёда аз 1400 корхона 18 ҳазору 931 нафар занон бо ҷойи кор таъминанд.

Дар маркази иттилоотӣ-машваратии назди бахши кор бо занон ва оила «телефонии боварӣ» амал мекунад, ки ба занону духтарони муроҷиаткарда ройгон хизмат мерасонад.

Ҳамчунин ҳар ҳафта рӯзи шанбе қабули ҳуқуқшиноси маркази иттилоотӣ-машваратии назди бахши кор бо занон ва оила Ихтиёр Шодиев тавассути Равзанаи ягона ба роҳ монда шуда, ба занон маслиҳати ҳуқуқии ройгон дода шуд.