(1 голос, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Боздид аз Хонаи кӯдакон: Кӯдакон ба ғамхорӣ фаро гирифта мешавандМо бояд ба кӯдакони бепарастор бештар ғамхорӣ зоҳир намоем, аз фарзандони худамон зиёдтар аҳамият диҳем, гуфт Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар тантанаи идона дар Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд.

Саҳни Хонаи кӯдакони хеле тозаву ороиш ёфта буд. Маълум, ки баргузории тантанаи идона ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар назар аст. Кӯдакони зебо, поку беолоиш ва маъсум, ки чанде гирди мизҳои идона ва чандеи дигар дар бағали мураббияҳои меҳрубон нишаста буданд, тимсоли меҳру шафқат ба одамон назар медӯхтанд. Оре, ҳолатҳои мухталифи зиндагӣ онҳоро ба ин ҷо шомил гардонидааст, аммо сухан ҳоло дар хусуси ҳифзи кӯдакон дар ҷамъияти мо меравад. Шояд мувофиқи одат аст, ки дар арафаи ҷашнҳо мо ба мавзӯъҳои мавсимӣ рӯй меорем, аммо фикр мекунам, дар арафаи идҳо ба он аҳамият додан, аз як нигоҳ ҷамъбасти солонаи фаъолияти ҳар соҳа мебошад.

Вақте дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузории чорабинии тантанавӣ дар Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд ба ҳукми анъана даромада бошад, аз нигоҳи дигар он рӯзест, ки фаъолияти масъулони ин соҳа пурра баррасӣ мегардад. Дар ин муассиса 61 нафар кӯдакони навзоду то ҳафтсола зиндагӣ мекунанд ва аз таълиму тарбияи мураббияҳо бархурдоранд. Аз онҳо 33 нафарашон духтарону 26 нафарашон писараконанд. Ёздаҳ нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд низ дар ин ҷо умр ба сар мебаранд.

Тантанаи идона бо суханони муборакбодии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов оғоз ёфт. Раиси шаҳр кӯдаконро бо идашон табрик намуд ва аз ҷумла, қайд кард, ки барои бо меҳрубонӣ ва ғамхорӣ фарогир будани кӯдакони чунин муассисаҳо бояд бештар кӯшиш намоем, то онҳо худро танҳо эҳсос накунанд ва паноҳи давлату ҳукуматро дарк намоянд, зеро Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода пайваста дар ҳаққи эшон ғамхорӣ зоҳир мекунанд ва пайгири амали нек мебошанд.

Барномаи консертие, ки бачагон бо роҳбарии мураббияҳо намоиш доданд, хеле ҷолибу хотирмон буд. Бо таълиму тарбияи хуб фарогир будани онҳо эҳсос мешуд ва байни ҳам меҳрубон будани кӯдакон мушоҳида мегардид. Баъди анҷом ёфтани барномаи консертӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба ҳамаи кӯдакон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Мудири шӯъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимова низ кӯдаконро бо идашон муборакбод намуд ва ба онҳо тани сиҳату дарозумрӣ орзу намуд.

Ҳамчунин, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба ҳамаи мураббияҳо ва кормандони Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд бо сарварии Дилором Дадоҷонова ташаккури худро иброз намуд, ки онҳо кӯдакони ин даргоҳро модарвор парасторӣ намуда, онҳоро ба воя мерасонанд ва таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша омода аст, ба кӯдакони чунин муассисаҳо ғамхорӣ зоҳир намояд. Зеро, кӯдакон дар паноҳи давлату ҳукуматанд ва бояд хушбахту солим ба воя расанд.