(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили 60 – солагии шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ТоҷикистонДар театри мусиқӣ - мазҳакавии Камоли Хуҷандӣ 60 – солагии шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҷлил карда шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок намуд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ дар ҳузури аҳли зиё, шоирону наисандагон, мунаққидони соҳаи адабиёт, устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят ва меҳмонону иштирокдорони чорабинии идона аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумату давлат ба аҳли эҷоду қалам ёдовар шуд ва фаъолияти муназзам ва пурвусъати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бахши суғдии онро оинаи рўшани пайванди сиёсат ва адабиёт унвон кард.

Раиси вилоят аз дастовардҳои солҳои охири шӯбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «ба дасти чоп расидани намунаҳои шеърии шоироне чун Фарзона,  Озарахш, Гулноз, Суруш, Адиба, Нуралӣ Нурзод, Дилором дар кишварҳои Эрону Афғонистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра рамзи эътирофи шеъри навини мо дар ин манотиқи ҷаҳон ва маҷмўан таҳаввулоти тоза дар раванди адабиёти имрўзи тоҷик маҳсуб меёбад.»

Таҷлили 60 – солагии шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ТоҷикистонРаиси вилоят инчунин изҳор дошт, ки дар 5 – 6 соли ахир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зиёда аз 50 номгӯи асарҳои адибон нашр шуда, ба дасти хонандагони нуктасанҷ расидаанд.

Дар маҳфили идона ҳамзамон раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, Фарзона ва Таҷлили 60 – солагии шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистондигарон суханронӣ намуда, аз фаъолияти густурдаи адибони ҳавзаи адабии Суғд ёдовар шуданд.

Дар маҳфили идона ҳамчунин ба якчанд нафар аъозои фаъоли шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷоизаву сипосномаҳо ва 40 роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон» тақдим гардид.

Ҳамзамон мавриди зикр аст, ки Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва шӯъбаи вилоятии он ба Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода тӯҳфаи хотиравӣ супориданд.

Дар поёни маҳфил бо иштироки санъаткорони вилоят консерти идона баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд