(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нақш дар ҷомеаДавлат оиларо чун асоси ҷомеа ҳифз ва пуштибонӣ мекунад.   Ин аст, ки Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба пойдории оилаҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила бо ибтикори МИҲД-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Хушдомани беҳтарин» маҳфили идона доир гардид. Дар он оилаҳои соҳибэҳтироми шаҳр, ки 40-50 сол зиндагии шоиста ба сар бурдаанд: Марофиевҳо, Дадобоевҳо, Fаниевҳо ва Шарифовҳо иштирок намуданд.

Чун меҳмонони ифтихорӣ ходимони намоёни ҷамъиятиву сиёсӣ Биҳоҷал Раҳимова, Шуҷоат Ҳасанова, Мавлуда Файзуллоева, Муҳаббат Нозимова, Зулфия Раҷабова, Мунаввара Дадобоева низ ба маҳфил даъват шуда буданд.

Нақш дар ҷомеаМуовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Бобоҷонова ҷамъомадагонро хайрамақдам гуфта, табрикоти Раиси шаҳр Раҷаббой Каримовро ба самъашон расонид.

Байни оилаҳои намунавии зикршуда аз рӯи панҷ шарт: муносибати хушдоману арӯс, ҳамдилии онҳо, анъанаи оиладорӣ ва ҳунари арӯсон озмун гузаронида шуд. Дар натиҷа оилаи Марофиевҳо ғолиби озмун гардид.

Тӯҳфаҳои хотиравии МИҲД-и шаҳр ба иштирокдорони маҳфил тақдим гардиданд.