(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд натиҷаи нишондиҳандаҳои соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар соли таҳсили 2017-2018 бо иштироки Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Нахуст, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхӯҷаева доир ба фаъолияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли таҳсили 2017-2018 маълумоти муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 48 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз он ҷумла 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ, 1 мактаб – интернати ёрирасон, 1 комплекс кўдакистон-мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино, фаъолият менамояд. Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 38605 нафар хонандагон мебошад. Хонандагони аз таҳсил дурмонда мавҷуд нест. Дар оғози соли таҳсил 45 нафар мутахассисони ҷавон ба фаъолияти касбӣ шурўъ намуданд. Ба ҳамаи мутахассисони ҷавон омўзгорони соҳибтаҷрибаву собиқадор вобаста карда шудаанд. Ҳамчунин байни шуъбаи маориф, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва мутахассисони ҷавон қарордоди меҳнатӣ ба мўҳлати 3 сол баста шудааст.

Мавсуф қайд намуд, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ таҷҳизонидани 25 адад кабинетҳои фанни физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ, суруд ва мусиқӣ дар муҳлати 3 сол ба муассисаҳои таълимии шаҳр тақсим карда шудааст. Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд дар 3 сол – 750 000,00 сомонӣ маблағ барои таҷҳизонидани 25 кабинетҳои фаннӣ пешбинӣ шудааст. Дар соли 2018 муҷаҳҳаз гардонидани боз 10 адад кабинетҳои фаннӣ ( 5 адад аз буҷа: МТМУ №11- кабинети биология, МТМУ №14,26- химия, №25- суруд ва мусиқӣ, №27- физика ва 5 то аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассисаҳои таълимии №18,24- химия, №19 биология, гимназияи №4- суруд ва мусиқӣ, литсейи №1 кабинети физика) ба нақша гирифта шудааст. Дар шашмоҳаи аввал аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои муҷаҳҳазонидани кабинетҳои фаннӣ таҷҳизотҳо харидорӣ карда шудаанд. Аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаи таълимии №5 2 адад тахтаи электронӣ ва 10 адад компютер тўҳфа карда шуд. Аз ҷумла, дар гимназияи №4 панҷ синфхонаи иловагӣ барои гурўҳҳои забони русӣ, забони англисӣ, забони давлатӣ ва технологияи информатсионӣ, ки масоҳати он 165 м.кв мебошад сохта шуданд. Бахшида ба “Соли рушди саӣёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми”дар гимназияи №4 барои таълими фанни технология (касбу ҳунар) 3 утоқи фанни масоҳаташ 105,38м.кв ва маркази таълимии бофандагӣ (Адрасбофӣ)-96,6м.кв ва муассисаи таъдимии №2 дастгоҳи Адрасбофӣ аз ҳисоби суратҳисоби махсус харидорӣ карда шуд. Дар муассисаи таълимии №20 баҳри иҷрои Барномаи мазкур аз ҳисоби буҷа моҳи апрел барои кабинети забони англисӣ ва химия мизу курси ва ҷевонҳои китобмонӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар Олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои дақиқ барои синфи 5-8-ум аз фанҳои математика, химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ 93 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, 51 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 14 нафар хонандагони синфҳои 5-8 иштирок намуда, барои гирифтани 10 ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Дар ҷамъбаст дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр барои гирифтани 31 ҷойи ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ноил гардиданд, ки дар ҷойи аввал байни шаҳру ноҳияҳо мебошад.Дар шашмоҳи сипаришуда хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок карданд. Моҳи январ натиҷаи иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаи байналмиллалии IMAS-2017 давраи 1 маълум гардид, ки ба давраи 2 -82 нафар хонандагон роҳхат гирифтанд ва аз рўйи натиҷа хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр сазовори 14 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Сипас, дар музокира Шамсия Қурбонова, мудири кабинети методӣ, Насиба Ахмедова директори маркази таҳсилоти иловагӣ, Марҳабо Темурова директори Маркази дарёфти истеъдодҳо, Саидолим Валиев, директори маркази технологияҳои информатсионӣ баромад намуда, доир ба фаъолияти хеш ҳисобот манзур намуданд.

Ойимнисо Ғафурова, мутахасиси пешбари Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи шахри Хуҷанд доир ба натиҷаи атестатсия дар МТМУ №28 маълумот дод.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки аҳли маорифи шаҳр ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илм, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва барномаю қарорҳои соҳаи маориф ва илм чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дохилшавии хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоянд.

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Аз ин лиҳоз мо бояд фаромуш накунем, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Вобаста ба ин, омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намуда, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд.

Ба таъкиди муовини Раиси шаҳр масъулини соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, худкушӣ, нашъамандӣ, сўиқасд ба ҷони худ ва шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ғайриқонунӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пурзўр карда, интизому давомоти хонандагон зери назорати ҳамарўзаи сарварони муассисаҳои таълимӣ қарор дода шавад. Ҳамзамон фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии насли наврас, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии онҳо, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд.Насли наврасро тавре тарбия намоянд, ки бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин аз роҳбарони як қатор сохторҳои маорифи шаҳр пурсиш ба амал оварда, дастуру супоришҳи мушаххас ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият дод. 
Роҷеъ ба сатҳи таъминоти хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ масъулини корхонаҳои саноатии шаҳр ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ пурсиш ва вазифагузорӣ гардиданд.
Бо вазифагузориҳои муайян ба ҷаласаи ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд