РАСМӢБА СОКИНОНИ ШАҲРБА САРМОЯГУЗОРОН ВА СОХТОРҲОИ ТИҶОРАТӢБА МЕҲМОНОНИ ШАҲРМАЪЛУМОТНОМА 
 
.:: Аксҳои шаҳр ::.
.::Лица города::.
Сайт Исполнительного органа Государственной власти г. Худжанда

Создать рекламу

Fозиев Аҳмад Бобоевич

Сардори Раёсати омори шаҳри Хуҷанд

26  октябри соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилоташ олӣ

Соли 1975 Институти Давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм кардааст.

Пас аз  хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи шӯравӣ то 1995 ҷонишини сардори шӯъбаи омори ноҳияи Б. Fафуров буд.

Соли 1995 Сардори Раёсати омори шаҳри Хуҷанд таъин шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

 
Аҳмадзода Мирзоаҳмад

Мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд

20 июли соли 1959 дар ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Тоҷик. Таҳсилоташ олӣ.

Соли 1981 Донишкадаи Давлатии педагогии ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Солҳои 1981-1985 дар мактабҳои ноҳияи Мастчоҳ ба сифати муаллими фанни забон ва адабиёти рус кор кардааст.

Солҳои 1985-1994 дар вазифаҳои мушовир, нозири шӯъбаи маориф ва сипас раиси кумитаи иттифоқи касабаи коркунони маориф ва илми ноҳияи Мастчоҳ фаъолият бурдааст.

Соли 1994 мудири шӯъбаи манзилӣ-маишии Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд интихоб шудаст.

Соли 1997 мудири кафедраи Маркази бозомӯзии такмили ихтисоси кормандони маориф ва хадамоти педагогӣ, мудири қабулгоҳи идораи маорифи вилоят, соли 1998 сармутахассис ва соли 2000-ум муовини сардори идораи маорифи вилояти Суғд шуда кор кардааст.

Аз соли 2007 мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд мебошад.

Бо медали «Хизмати шоиста»   мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

 
Бобоҷонов Абдусалом Абдурасулович

Сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд

27 декабри соли 1966 дар ноҳияи Хуҷанд (алҳол ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) таваллуд шудааст. Тоҷик. Таҳсилоташ олӣ.

Факултаи банақшагирии иқтисодиёти Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Хуҷандро ба итмом расондааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аз коргари иттиҳодияи нонпазии шаҳри Ленинобод оғоз ёфтааст. Сипас баъди гирифтани таҳсилоти олӣ дар нозироти андози шаҳри Хуҷанд аз вазифаи нозир то сардори шӯъба кор кардааст.

Солҳои 2002 – 2006 сардори нозироти андози ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баъд то соли 2009 муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд буд.

Моҳи марти соли 2009 сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд таъин шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

 
Ваҳҳобова Ҳафиза

Директори бойгонии байниидоравии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

 

24 августи соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Тоҷик. Таҳсилоташ олӣ.

Соли 1973 факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи Давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм кардааст.  Худи ҳамон сол дар мактаби  8-солаи рақами 1 (алҳол мактаби таҳсилоти умумии рақами 26) ба сифати омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус ба кор дохил шудааст.

Аз моҳи июли соли 1982 директори бойгонии байниидоравӣ таъмин гардидааст.

Дорандаи ордени «Шараф»

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

 
Иброҳимов Маҳмудҷон Каримович

роҳбари Маркази таҳлил ва иттилооти мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

4 сентябри соли 1948 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Тоҷик.  Факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Кировро (алҳол Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) хатм намудааст.

Солҳои донишҷӯияш дар мактаби миёнаи рақами 23-и ноҳияи Хуҷанд (алҳол ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба сифати муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолият бурдааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ дар округи ҳарбии Забайкалйе ба идораи рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ»-и ноҳияи Хуҷанд ба кор омада, аввал ба сифати ходими хурди адабӣ, сипас котиби масъул адои вазифа намудааст. Солҳои  1975-1981 вазифаи мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Хуҷандро ба ӯҳда дошт. Сипас боз фаъолияти журналистиашро дар рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ ба ҳайси мудири шӯъба идома додааст.

Соли 1990 сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Бо роҳи ленинӣ» (алҳол ҳафтаномаи «Хуҷанд») ва соли 2000–ум сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») таъин мегардад.

Аз соли 2004 инҷониб роҳбари Маркази таҳлил ва иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Узви Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои журналистӣ аст.

Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

 
<< Начало < Предыдущая 1 2 3 4 5 6 Следующая > Последняя >>

Cтраница 1 из 6

Подписаться на Худжанде

Add to Google Reader or Homepage

stats counter

.:: Навгониҳо ::.
.:: Ҳисобкунак ::.
mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз252
mod_vvisit_counterДирӯз554
mod_vvisit_counterИн ҳафта3540
mod_vvisit_counterИн моҳ2320
mod_vvisit_counterҲама128783

 

  ©2009 All rights reserved by LG of Khujand. Designed by Centre ICT (Dushanbe) and CIT Kova (Khujand)

google