Навгонӣ

Мулоқот бо доираи соҳибкории Штатҳои Муттаҳидаи АмерикаДар доираи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкони мусоид бо доираи соҳибкории Штатҳои Муттаҳидаи Америка мулоқот намуданд.
Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии раиси Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка Филлип Де Леон оғоз гардид.
Сипас дар ҳузури ҷамъомадагон Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баромад намуда, ба Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти фурсат ва иштирок дар ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён доштанд.

Бузургдошти Маликушшуаро дар Хуҷанд

Дар назди муҷассамаи Қофиласолори адабиёти форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки аҳли илму адаб, хонандагону донишҷӯёни маркази вилояти Суғд Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил карда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ таҳният гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандӯстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо рафта мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехурад. Аз ҳиссиёти волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, бузургу қавитар тафохуре нест ва буда ҳам наметавонад.

altҲамдиёрони азиз!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории руҳияи ватандӯстии шаҳрвандони худ ёди таърихро омили муҳим мешуморад. Ватандӯстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо, ҳазорсолаҳо рафта мерасад. Аз ифтихор бо Ватан олитар, шарифтар, бузургу қавитар ифтихор нест.
Даврони Истиқлолият ин замони зуҳури навгониҳои фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба  мақоми бузургон, дарки мафҳуми худшиносии миллӣ ва бо афкори башардӯстонаи дунё пайвастани афкори мо тоҷикон гардид.
Бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири ҷомеаи мо ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят мешавад.

(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Обуна ба «Тирози ҷаҳон» идома дорадДӯстону хонандагони азиз! 25 сол аст, ки нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” бо Шумо ҳамқадаму ҳамнафас буда, нури маърифату адаб, муҳаббату садоқатро барои Шумо, хонандагони азизаш эҳдо мекунад. Бисту панҷ сол аст, ки “Тирози ҷаҳон” чун ёри вафодору содиқ пайваста навиду ахбори шаҳри бостониро инъикос месозад, аз зиндагиномаи ашхоси фарзонаву сарбаландаш ҳикоят мекунад, чароuи илму маърифатро дар дилҳо фурӯзон месозад. Ба як маънӣ “Тирози ҷаҳон” узви оилаи ҳар як сокини шаҳри бостонии Хуҷанд аст.
Рӯзномаи дӯстдоштаи Шумо бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, олимону адибон, рӯзноманигорони соҳибқалам аз соли нави 2018 аз лиҳози мазмуну мундариҷа бою рангин ва аз ҳама муҳимаш дар инъикоси зиндагиву фаъолияти сокинони шаҳр бештар таваҷҷӯҳ месозад.

Мулоқот бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо

Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Канада 25 сол сипарӣ мешавад ва дар ин давра ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ки дар асоси усулҳои ҳусни эҳтиром, эътимод ба ҳамдигар ва эътирофи мутақобилаи манфиатҳо оғоз ёфтаанд дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду такомул пайдо кардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки чониби Тоҷикистон кумакҳои Канадаро ба сохторҳои қудратӣ, таҳкими марз бо Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии фаъолияти Коллеҷи марзбонии САҲА дар Тоҷикистон, ширкати коршиносони кишвари Канада дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон ва Афғонистон баланд арзёбӣ менамояд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...