Навгонӣ

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод ЗарифДирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина ҷонибҳо аҳамияти Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва фарҳангиро, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, махсус таъкид карданд.

Озмуни андоз: Хонандаи шаҳри Хуҷанд расми беҳтарин офаридДар қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» доир гардид.
Дар қисмати расмии чорабинӣ сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон ва сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон дар мавриди андоз ва андозбандӣ аст. Сипас, дар асоси хулосаҳои ҳайати ҳакамот ғолибон муайян гардиданд.
Дар бахши «Расми беҳтарин» ғолибиятро Аъзам Миркамолов, хонандаи синфи 5, МТМУ№28, шаҳри Хуҷанд ба даст овард. Ҷойи дуюмро Баҳтиёр Юлдошев, хонанда аз ноҳияи Ашт соҳиб шуд. Зевар Ҷумъабоева, хонанда аз шаҳри Бӯстон мақоми сеюмро касб намуд.

(2 овоз, миёна 3.50 аз 5)

Беҳтарин «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ»-и шаҳри Хуҷанд муайян мешавадДар шаҳри Хуҷанд бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф, тарғиби сару либос аз матои  табии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ ва ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон озмуни шаҳрии «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба тавсиб расидааст. Озмуни мазкур бо фарогирии тамоми Марказҳои таълимию истеҳсолии адрасбофии минтақаҳои шаҳр моҳи ноябр дар ду давра гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, ки озмун  аз рӯйи бахшҳои беҳтарин маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ, маркази таълимию истеҳсолие, ки бештар матоъи дастибоф истеҳсол намудааст,  маркази таълимию истеҳсолии хонагие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст, маркази таълимию истеҳсолие, ки аз шогирди зиёд омода намудааст, сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф ҳар кадоме бо се ҷойӣ ифтихорӣ натиҷагирӣ карда мешаванд.

Меҳта Пратибха: «Сокинони шаҳри Хуҷанд пурэнерҷӣ ҳастанд»

Хонум Меҳта Пратибха намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон бо намояндагони ҳамоҳангсозони доимии СММ дар доираи сафараш ба шаҳри Хуҷанд ба литсейи физикӣ-математикии ба номи Муҳаммад Осимӣ ташриф оварда, бо хонандагони ин муассисаи номдори маркази вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Хонум Меҳта Пратибха ба хонандагон доир ба Ҳадафҳои Рушди устувор, ки фарогирии 17 Барномаи СММ барои кишварҳои сайёра пешниҳод намудааст, аз ҷумла Барномаҳои «Барҳам задани кабизоатӣ», «Саломатӣ ва некӯаҳволӣ», «Маърифати босифат», «Баробарии гендерӣ», «Оби тоза ва беҳдошт», «Меҳнати сазовор ва рушди иқтисодӣ», «Саноатикунонӣ, иноватсия ва инфросохтор», «Шаҳру маҳаллаҳои устувор» ва ғайра маълумот дода, аз муҳассилин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои ин барномаҳо дар Тоҷикистон бо донишу заковати хеш ҳиссагузорӣ намоянд.

Шавкат Шаропов: «Симои шаҳр ба куллӣ дигар шудааст»«Ҳар рӯзи шаҳр хусусан рӯзҳои охир ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Ин ба шаҳрвандон рӯҳу илҳоми тоза ва дилгармии хос ба зиндагиашон мебахшад»-мегӯяд сокини шаҳри Хуҷанд доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов.
Профессор Шавкат Шаропов меафзояд, ки саҳму нақши сокинони шаҳр дар ободоии маҳалли зисташон чизи бисёр муҳим ва асосӣ аст. Мо бояд бетарафӣ накарда, барои тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрамон аз хурду бузург сар карда, саҳмгузорӣ намоем. Дар вуҷуди сокинон меҳри шаҳрдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, меҳнатқадршиносӣ, маърифати шаҳрдорӣ ва ғайраҳоро тарбия намоем. Ва он гоҳ шаҳрамон ба «Тирози ҷаҳон»-и ҳақиқӣ мубаддал мегардад.
Воқеан ҳам бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тайи як моҳ аст, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пешоруйи ҷашнҳои бузурги миллат 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солагии Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби шаҳрвандон корҳои ободониву тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр силсилакорҳо анҷом ёфта истодааст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...