Навгонӣ

Хуҷанд:содирот 66,7 дарсад афзудКорхонаҳои саноатии шаҳр имсол ба хориҷи кишвар, хусусан мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба ҳаҷми қариб 190 миллион сомонӣ маҳсулот содир намуданд. Ин нишондоди баланд самари ташаббусҳои Ҳукумати кишвар дар самти рушди истеҳсоли ватанӣ буда, ҳадяи хубест ба Ҷашни 25 - солагии Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Муъминҷон Муҳаммадзода, сардори шуъбаи саноат ва энергетикаи шаҳр, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ, новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, шумораи  корхонаҳои саноатии шаҳр ба 154 ва  ҳаҷми умумии истеҳсол ба зиёда аз 779  миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148, 4 миллион сомонӣ ё 23,5 дарсад  бештар аст. Аз ин миқдор ба андозаи  189,2 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Дидорбинии иштирокчии Иҷлосияи тақдирсозДар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 25 солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қадршиносии шахсоне, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта  ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми беандозаи худро гузоштанд ва имрӯз низ дар пешрафти соҳаҳаи гуногуни мамлакат кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, чорабиниҳои дидорбиниву табрикотӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
14 ноябри соли равон Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба хонаи иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳамид Ҷӯраев ташриф оварда, номбурдаро аз номи роҳбарияти олии ҲХДТ бо ин ҷашни бузургу тақдирсози миллат  табрик намуд ва ба ӯ тӯҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро тақдим кард.

МТИ «Зулфия Баҳриддинова Шоҳҷоиза ба даст овард

Дар Маркази таълимӣ - истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова озмуни шаҳрии “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Муассисаи давлатии “Мактаби эҳё рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” М. Ёқубӣ  ва занони фаъоли маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид. Нахуст қабл аз оғоз намудани озмуни мазкур аъзои ҳакамон аз марказҳои таълимии шаҳр дидан намуданд. Доварон ба фаъолияти марказҳои таълимию  истеҳсолии адрасбофӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳои беҳтарин дар самти истеҳсоли матоъи дастибоф, тайёр намудани шогирдон, сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф ва ғайра баҳогузорӣ карданд.

Таъиноти кадрӣИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воҳидҳои сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ намуданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло - муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллозода Нурулло Ҳамид -  муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти мамлакат сардорони Раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, инчунин сардорони як қатор отрядҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмӯда ва мутахассисони варзидаи соҳа пурра гардиданд.

Ғолибияти мактаби варзишии №1 дар Чемпионати ХуҷандБо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар толори «Қасри варзиш» ба Чемпионати шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ до бахшида  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 «Соли ҷавонон» ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.
Раиси шаҳр зимни баромади худ қайд кард, ки «Боиси сарфарозист, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва варзиш тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, самтҳои гуногуни варзиш махсусан дар Соли ҷавонон басо равнақу ривоҷ ёфта истодааст. Тарғибу ташвиқи мақсадноки варзиш дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба сатҳи даркорӣ ва муҳим расонида шуда, сокинони гуногунсинни шаҳри Хуҷанд бо он шуғли бештар ёфта, тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтаанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...