Навгонӣ
22 Ноябр 2017
Хонандагони мактаби Президентӣ бо хори умумӣ таҳти унвони «Яктои даврон» чорабиниро ифтитоҳ намуданд. Сипас муҳассилин роҷеъ ба рамзҳои давлатӣ шеърҳо қироат карданд. Аз ҷониби Меҳрафрӯз Маликзода рақси мавзун иҷро карда шуд. Ғолиби озмуни «Ровии беҳтарин» Рухсораи Ҷавоҳир шеъри «Ҷавонӣ»-и Озарахшро бо маҳорати баланди суханварӣ қироат намуд.
Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд назди ҳозирин баромад намуда, зикр дошт, ки дар мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд чорабинии нахустин дар мавзуъи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ таҳия гардид, ки ин ҷавобан ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумат, хусусан ба хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди чунин муассисаи таълимии замонавӣ мебошад.
Муфассал... Шарҳ додан
Мақолаҳои боқимонда...
- Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Суханронӣ ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ
- Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд
- ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ”