Навгонӣ

Сӯҳбати ихтисосӣ бо Сияҳаков С.Ш. – яке аз раҳбарони САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) дар солҳои 90-уми асри гузашта доир ба фаъолиятҳои муғризона ва тахрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба он.
Муҳтарам акои Сайҷалол, лутфан дар бораи шахсияти худ чанд ҷумла барои хонандаи мо бигӯед. Чӣ шуд, ки Шумо- ходими КГБ-и СССР бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷониби ИНОТ гузаштед?
Ман, Сияҳаков Сайҷалол Шашевич, 30-юми майи соли 1954 дар деҳаи Болшевики ноҳияи Қубодиён, дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, мактаби миёнаро низ дар ҳамон маҳал хатм кардам. Муддате чанд (1976-1979) дар системаи комсомол кору фаъолият намуда, то вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ расидам.

Оғози чорабиниҳо дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд

Нахустин чорабинии тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон» дар мактаби навбунёди Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Хонандагони мактаби Президентӣ бо хори умумӣ таҳти унвони «Яктои даврон» чорабиниро ифтитоҳ намуданд. Сипас муҳассилин роҷеъ ба рамзҳои давлатӣ шеърҳо қироат карданд. Аз ҷониби Меҳрафрӯз Маликзода рақси мавзун иҷро карда шуд. Ғолиби озмуни «Ровии беҳтарин» Рухсораи Ҷавоҳир шеъри «Ҷавонӣ»-и Озарахшро бо маҳорати баланди суханварӣ қироат намуд.
Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд назди ҳозирин баромад намуда, зикр дошт, ки дар мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд чорабинии нахустин дар мавзуъи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ таҳия гардид, ки ин ҷавобан ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумат, хусусан ба хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди чунин муассисаи таълимии замонавӣ мебошад.

Омодагӣ ба Рӯзи Парчами миллӣ

Санаи 24 –уми ноябри соли равон  дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Парчами миллӣ бо иштироки сокинони шаҳр, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус қарору нақша-чорабиниҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба тавсиб расидааст.
Тибқи нақша чорабиниҳо қарор аст, ки то баргузории Рӯзи Парчами миллӣ дар донишгоҳҳои мустақари шаҳри Хуҷанд конфронсҳои илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ-рамзи ифтихори миллӣ», мулоқоту вохӯриҳо бо ҳомиёни сохти конститутсионӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, гузаронидани Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуъи  «Эҳтироми рамзҳои давлатӣ-эҳтироми миллат аст» дар кумитаи маҳаллаҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои маорифу тандурустии шаҳр, нашру пахши мақолаву барномаҳо доир ба арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, ташкил ва баргузории озмуни «Иншои беҳтарин»  дар мавзуъи «Парчам-рамзи давлатдории миллист» ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.

Дави миллӣ, марофони велосипедронӣ ва машқи дастҷамъонаи пагоҳирӯзӣ…

Бо мақсади пуршукӯҳ ҷашни гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷмӯъи чорабиниҳо, аз ҷумла машқи дастҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, марофони велосипедронӣ ва дави миллӣ бо ҷалби бештари сокинони маркази вилояти Суғд гузаронида мешавад.
Ҳамин тавр, санаи 23-юми ноябри соли равон, соати 14:00 дави миллӣ бо иштироки беш аз 15 ҳазор нафар  ва марафони велосипедронӣ бо ҷалби 2000 нафар аз маҷмааи «Истиқлол» то маҳаллаи 3-юми шаҳр ташкил ва гузаронида мешавад.
Машқи дастҷамъонаи пагоҳирӯзӣ субҳи 24-уми ноябри соли равон дар майдони Парчами миллӣ бо мақсади роҳандозии тарзи ҳаёти солим баргузор мешавад.

altИмрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири  навтаъиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон Лувсан Баттулга, Ҷумҳурии Индонезия Раҳмат Прамоно, Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир, Шоҳигарии Марокаш Абдулҷалил Саубрӣ, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ хонум Кейтуметси Тандека Метюс, Ҷумҳурии Кипр Леонидас Маркидес ва Давлати Исроил Эдуард Шапиро эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...