26 Март 2021
Бо мақсади эҳё,тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ, рӯзгордории халқи тоҷик, рушди соҳаи саноати сабук, тарғиби сарулибос аз матои табиӣ аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, баланд бардоштани мақому завқи либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ, ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ, меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳаи сеюми моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузории Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд - 2021» ба нақша гирифта шудааст.