Навгонӣ
03 Сентябрь 2018
Недоступен ни однин перевод.
Хатсайри Ёва – Панҷшанбе - шаҳраки Ғафуров (тавассути кӯчаи ба номи Камоли Хуҷандӣ) низ фаъол карда шуд. Дар чаҳорчӯбаи татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд" боз ҳаракати 25 адад автобусҳои тамғаи "ЛИАЗ" дар хатсайрҳои маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт ва ҳамин тавр теъдоди умумии автобусҳои то ин дам ворид кардашуда ба 75 адад расид.
Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 26,8 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст ва қабл аз ин дар ду марҳила 50 адад автобусҳои истеҳсоли Федератсияи Россия ба вилоят оварда шуда буд.Читать полностью