(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ СОЛИ ДАСТОВАРДҲОИ НАВ ГАРДАД!

Устодони собитқадам, муаллимони гиромӣ! Донишҷўён ва хонандагони азиз!

Барои хурду бузург санаи 1-уми сентябр рўзи басо нишотовар ва хотирмон аст, зеро ҳамагон ба остонаи мактаб маҳз дар ҳамин рўз қадам гузоштаем ва шумо, муаллимону устодони азиз моро ба оғўши гарми хеш гирифтаед ва нахустин маротиба ба мо дарси сулҳ гузаштаед. Занги аввали мактаб занги аввалини зиндагист, ки дар ин рўз мо шунидаем.

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шумо, муаллимону устодон, донишҷўёну хонандагони мактабҳоро самимона шодбод гуфта, дар фаъолияти пурмасъулу самарабахшатон барору комёбӣ, дастовардҳои нав ба нав ва муваффақиятҳои бешумор таманно мекунам.
Дар сиёсати созанда ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маориф ва таҳсилот дар мақоми аввал қарор дорад ва мактабу маориф доимо такягоҳи давлат ва тарғибгари ғояҳои навини он ба ҳисоб меравад. Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, бе маорифи пешрафта ва низоми дурусти таҳсилот ба ҳадафҳои муҳиму созандаи давлатдорӣ расидан душвор аст.
Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии Истиқлоли миллӣ, ки имрўз дар қаламрави мамлакат истиқболи шоистаи 35-умин солгарди онро тантана карда истодаем, ба рушди илму маориф ва нерўҳои ақлонии мамлакат таваҷҷўҳи зиёд зоҳир менамояд.
Барҳақ, Пешвои муаззами миллат аҳли илму маориф ва қувваи солими зеҳниро хазинаи тиллоии миллат номида, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсоз, ниятҳои наву таърихӣ ва муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодҳои аҳли маориф ва зиёро самаранок истифода менамоянд.
Устодону омўзгорони азиз!
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон шаъну шарафи омўзгоронро чунин тавсиф намудаанд: «Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба нахоҳад расид. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
Ин аст, ки дар шаҳри Хуҷанд 52 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 гимназия, 2 литсей, 1 интернат, 1 комплекс-кўдакистон ва 16 мактаби хусусӣ фаъолият дорад. Шумораи умумии омўзгорон 2734 нафарро ташкил дода, аз ин шумор 2403 нафар зан мебошад. Дар 53 муассисаи томактабӣ 11 ҳазору 624 кўдак дар 499 гурўҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Ғамхориҳои рўзафзуни Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода нисбат ба соҳаи маориф, беҳдошти сифати таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои муосиру мусоиди таҳсил тавассути бунёди таълимгоҳҳои нав, таъмиру тармими бинои мактабҳо, бо таҷҳизоти техникии навтарин таъмин намудани онҳо аз ин далолат медиҳад.
Ду Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» ва «Дар бораи мақоми омўзгор» санаде аст, ки масъулияти волидайн ва омўзгорро дар таълиму тарбияи фарзанд басо рўшан инъикос намудааст. Се ниҳоди бузург – оила, мактаб ва ҷомеа дар нашъунамо ва рушди кўдакону наврасон саҳми ҷиддӣ дошта, барои ояндаи кишвари маҳбубамон мутахассис ва фарзандони лоиқи давронро тарбия хоҳад намуд.
Имсол оғози соли нави таҳсил бо ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Умедворем, ки шумо, муаллимону устодон, насли наврас ва ҷавон бо ифтихор аз шуҷоату мардонагии аҷдодони худ бо ҳисси баланди худогоҳию худшиносии миллӣ ва ватандўстию ватандорӣ минбаъд низ пояҳои бинои мўҳташами Истиқлол ва сулҳу суботро устуворӣ ва таҳким мебахшед. Кишвари азизамон Тоҷикистон ва шаҳрамон Хуҷанди бостонро чун ҳомиёни далеру тавоно, чун соҳибватанони ғаюр, чун сокинони сарбаланд пуштибонӣ мекунед ва дар пешрафташ саҳм мегузоред.
Оғози фараҳбахши соли нави таҳсил ба кулли устодону омўзгорони азиз ва донишҷўёну мактабиён муборак бод! Бароятон тансиҳатӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи кори басо пурифтихору мушкил тарбияи насли солиму бомаърифат барору комёбиҳо таманно менамоям.
Рӯзи дониш муборак бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...