31 Август 2026
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ба муносибати Рӯзи дониш ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ ташриф оварда, устодон ва донишҷӯёни ин боргоҳи маърифатро бо оғози соли нави таҳсили 2026-2027 табрику таҳният намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бахшиба Рӯзи дониш дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Директори Коллеҷ Амирҷон Нурзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш ироа намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Соли нави таҳсил барои ҳар яки мо оғози марҳилаи тозае андӯхтани дониш, рушду камол ва таҳкими нерӯи зеҳнӣ мебошад. Дар солҳои истиқлолият таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф бештар гашта, дар сиёсати давлатдории хеш маорифро аз бахшҳои муҳимтарин, самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пояи асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати рушди устувори давлат ба ҳисоб овардаанд.
Сипас, Фирдавс Шарифзода Раиси шаҳри Хуҷанд устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки дар фарҳанги миллӣ ва бостониву тамаддунсози халқи тоҷик масъалаи мактабу маориф, рушди босуботи илму маърифат, мавқеи ифтихорӣ ва тарбияи устоду омўзгор, мунтазам баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум ва ба талаботи замона мувофиқу муносиб намудани он мақоми хосаю созандаро ишғол менамояд.
Бо назардошти анъанаҳои неку дурбинонаи халқи тоҷик ва мутафаккирони ҷаҳонпазируфтаи он дар сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маориф ва таҳсилот дар мақоми аввал қарор дорад ва мактабу маориф доимо такягоҳи давлат ва тарғибгари ғояҳои навини он ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода изҳори умедворӣ намуд, ки Шумоён- насли ҷавон бо ҳисси баланди худогоҳию худшиносии миллӣ ва ватандўстию ватандорӣ минбаъд низ пояҳои бинои муҳташами Истиқлол ва сулҳу суботро тақвият ва таҳким мебахшед. Бо истифода аз имконияту шароитҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумат самаранок истифода бурда, барои соҳибмаърифату соҳибкасб шудан азму талош менамоед ва дар ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ҳиссаи арзишманди худро мегузоред.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







