29 Июль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Аз соати 8:00–и субҳи 30-юми июл то ба анҷом расидани корҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Раҳмон Набиев аз ҳудуди Маҷмааи Нишони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то тарабхонаи “Темурмалик” муваққатан қатъ карда мешавад.
Ин тадбир бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону навсозии хатти нави ташноби хиёбони Раҳмон Набиев то Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ амалӣ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Раҳмон Набиев истифода баранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







