05 Март 2015
Муовини аввали вазири Меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нӯмон ба ду нафар занони собиқадор, шахсиятҳои маъруфи диёр Махфират Дадобоева ва Бималика Холматова мукофотпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро супорид.
Дар навбати худ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ин занони барӯманди шаҳри Хучанд табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки таҷрибаю зиндагиномаи бонувони номдор мактаби таҷрибаи насли имрӯза хоҳад буд. Лозим ба ёдоварист, ки санаи 6 март чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар доир хоҳад гашт, ки 200 нафар пешқадамони истеҳсолот ва занҳои маъруфи шаҳри Хуҷанд аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.