27 Июн 2026
Шоми имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар фарҳангсаройи Боғи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба қабули қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистон аз ҷониби маҷмуаи умумии СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027-2036)” ва Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор шуд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Абдуҳаким Шарифов доир ба аҳамияти қабули қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистон аз ҷониби маҷмуаи умумии СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027-2036)” дар назди ҳозирин баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки қабули қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсиву дипломатии солҳои охир ба шумор меравад. Ин дастоварди таърихӣ бори дигар нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати сулҳпарвару ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста дорад.
Сулҳ арзишмандтарин неъмати зиндагии инсон мебошад. Танҳо дар фазои сулҳу субот ҷомеа метавонад рушд намояд, илму маориф пешрафт кунад ва мардум бо хотири ҷамъ ба бунёдкориву созандагӣ машғул гарданд. Мардуми Тоҷикистон ин ҳақиқати бузургро бо тамоми ҳастии худ дарк намудаанд, зеро солҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор гардида, Тоҷикистон ба роҳи рушди устувор қадам гузошт.
Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо эътироф шудааст. Аз ин рӯ, ташаббуси навбатии Тоҷикистон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи давлат ба ҳисоб меравад.
Ҳадафи асосии ин даҳсола таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории байни давлатҳо мебошад. Ҷаҳони имрӯз бо таҳдидҳои зиёде, аз ҷумла ҷангҳо, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст. Дар чунин шароит ташаббусҳое, ки мардум ва давлатҳоро ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунанд, аҳаммияти бузурги байналмилалӣ доранд.
Қабули ин қатънома аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бозгӯи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътимод дорад ва ташаббусҳои онро дар самти таҳкими сулҳу амният дастгирӣ менамояд. Ин дастовард обрӯ ва нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бурда, исбот намуд, ки Тоҷикистон метавонад дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд аз чунин дастовардҳои ватани худ ифтихор намояд. Ин муваффақият танҳо дастоварди дипломатия нест, балки ифодаи сиёсати сулҳпарваронаи давлати тоҷикон ва ормонҳои неки миллати мо мебошад. Вақте ки ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ меёбад, ҳар як фарди ватандӯст ҳисси масъулияти бештарро нисбат ба ободӣ ва пешрафти Ватан эҳсос мекунад.
Ҳамоишро барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







