15 Май 2026
Недоступен ни однин перевод.
Санаи 14-уми майи соли 2026 мулоқоти навбатии сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи "Раззоқ"-и шаҳр баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки вохӯрӣ дар доираи иҷрои нақшаи муштараки рушди иҷтимоӣ ва тақвияти робита бо ҷомеа бо усули "Маҳал ба маҳал" ташкил шуда, ҷараёни он дар фазои озоду ошкоро сурат гирифт.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Мунзифа Ҷабборӣ ва ходими дин иштирок ва баромад намуданд.
Ҷамшед Набизода дар баромади худ ба масъалаи ободии Ватан, ҳифзи сулҳу суботи пойдор ва нақши ҳамбастагии миллӣ дар рушди ҷомеа таъкид карда, зикр намуд, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ омили муҳими пешрафти кишвар мебошад.
Мунзифа Ҷабборӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии терроризму экстремизм, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва риояи фарҳанги либоси миллиро ба миён гузошта, ҳифзи анъана ва одатҳои миллиро вазифаи ҳар як шаҳрванди худшинос хонд.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот аз сокинони маҳалла ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва маънавиёти ҷомеа, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, ободу зебо гардонидани маҳаллаи худ ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф, дастгирии моддиву маънавии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр, андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани ҳамагуна шаклҳои зўроварӣ дар оила, ташаккули муҳити солими оилавӣ, мусоидат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил ва ғайра даъват ба амал оварда шуд.
Мулоқот дар шакли саволу ҷавоб идома ёфта, ба сокинон имкони мустақим иброз доштани фикру пешниҳодҳо фароҳам оварда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







