15 Май 2026
Недоступен ни однин перевод.
ОИЛА – САРЧАШМАИ МЕҲРУ ТАРБИЯИ АХЛОҚИ ҲАМИДА
Ҳамдиёрони азиз, сокинони гиромии Хуҷандшаҳр!
Ҳар сол 15-уми май дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад. Ин ҷашн соли 1993 бо қарори Маҷмаи умумии СММ барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гиромидошт ва бартарафсозии мушкилоти хонавода эълон шудааст.
Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа нигаҳбони арзишҳои инсонӣ, фарҳанг ва идомаи таърихии наслҳо, омили субот ва рушд аст. Ба шарофати оила давлат мустаҳкам шуда, тараққӣ мекунад, дараҷаи некӯаҳволии халқ баланд мешавад. Дар ҳар давру замон рушди кишвар аз рӯи мавқеи оила дар ҷомеа ва муносибати давлат ба он арзёбӣ мешавад. Ҳаёти инсон аз оила оғоз мешавад ва дар ҳамин ҷо ӯ ҳамчун шаҳрванд ташаккул меёбад. Оила сарчашмаи меҳр, эҳтиром, ҳамбастагӣ ва муҳаббат аст.
Авлоду аҷдоди мо – тоҷикон, оиларо чун анъанаи нек гиромӣ медоштанд ва онро чун як давлати хурдакак дар назди ҷомеаи калон мешумориданд. Оила як макони осоишу оромиши волидайн ва фарзандон маҳсуб мешавад ва кишвари мо барои ҳимояи оила кодекси махсус ба тасвиб расонидааст, ки дар қисми якуми он чунин омадааст: оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд. Баҳри таъмину иҷрои бандҳои ин кодекси муҳим сохтори дахлдори давлатӣ тамоми роҳу василаро ба кор мебарад, то оила солим ва пойдор бошад.
Ҳар сол чун анъана санаи 15-уми май дар шаҳри Хуҷанд Рўзи байналмилалии оила таҷлил мегардад. Дар ин санаи муборак силсилаи чорабинӣ доир мегардад, то ба туфайли он заҳмати оиладорон, масъулияти неки падарон ва модарон дар таълим ва тарбияи фарзанд хотиррасон ва қадр мешавад.
Ба ин муносибати неку ояндабинона аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли сокинони шаҳрро бо Рӯзи оила табрику таҳният мегӯям, ба оилаҳо пойдориву саодатмандӣ, тарбияи хуби фарзандон ва эҳтироми волидайнро хоҳонам.
Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз оила сарчашма мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштаанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Барои ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ якчанд санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳо, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 қабул шуда, амал менамоянд.
Ҳаёти инсон маҳз дар оила оғоз меёбад, маҳз дар оила муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубониро меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берун шинос шудан ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, чуноне зикр намудем, оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст.
Оила асоси ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад. Оила ва оиладорӣ пеш аз ҳама дар асоси ишқи пок, эҳтирому ҳамдигар, садоқату вафодорӣ устувор аст. Дар фарҳанги оиладории миллии тоҷикон сабру таҳаммул ва муросову таҳаммулпазирӣ мавқеи муҳим дорад.
Мо, тоҷикон соҳиби анъанаи хуби оиладорӣ мебошем, ки он ҳамаи масоили марбут ба оила ва муносибату муоширати байни аъзои оиларо дар бар мегирад, ки риояи дурусти он имкон медиҳад, оилаҳои босуботу пойдор ва хушбахт бештар шаванд. Яъне ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад.
Мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем, беҳтарин анъанаю одатро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавонон ҷойгир намоем. Волидайни гиромӣ, бахусус, занону модарон дар пойдориву сарҷамъии оила мақом ва масъулияти калон доранд. Яъне модарон гармнигаҳдорандагони муҳити оилавӣ мебошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар навбати худ ҷиҳати таҳкими оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад. Бо шукрона аз давлати озоду дунявӣ оилаҳои Хуҷанди бостонӣ дар соли ҷашнӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ солиму устувор боқӣ мемонанд, давлатамон тавоною миллатамон сарбаланду пойдор, фарзандонамон солиму манфиатрасони оилаву кишвар мегарданд.
Бигузор сулҳу ваҳдати комил дар кишварамон ҷовидон ҳукмрон бошад ва оилаҳо дар мулки тинҷу обод, зери ливои парафшони ватан зиндагӣ ба сар баранд.
Рӯзи арҷгузорӣ ба Оила ва оиладорӣ муборак, азизон!







