09 Май 2026
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо рафти сохтмони бинои иловагии гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳр аз наздик шинос шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ аз раванди бунёди бинои иловагӣ, ки аз ҷониби ширкати ватании “Истиқлол гуруҳ” амалӣ шуда истодааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла дастур дод, ки то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муассисаи таълимӣ боз як бинои таълимӣ барои 1400 хонанда барои ду баст сохта ба истифода дода шавад. Ҳамчунин як толори барҳавои пӯшидаи варзишӣ низ бунёд карда шавад. Дар маҷмуъ дар ду бинои иловагии гимназияи №1 баъди истифодадиҳии он беш аз 2800 хонанда дар ду баст таҳсил хоҳанд намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







