09 Май 2026
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои собиқадорони Ҷанги бузурги Ватанӣ дар кӯдакистони "Шукуфаи Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд хушҳолӣ ба муносибати 81 солагии Рӯзи Ғалаба баргузор гардид.
Толори кӯдакистон ба ин муносибат фазои идона ба бар намуда буд. Нахуст мудири ӯдакистони "Шукуфаи Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд Дилором Муъминова чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Сипас тарбиятгирандагони кӯдакистон дар бораи сулҳ, афсар, Ватан, матонат, мардонагӣ ва ғайра шеърҳо қироат намуда, саҳнаи ҷолиберо аз замони ҷанг ба тамошобинон манзур карданд.
Сурудҳои ватандӯстона дар иҷрои кӯдакон табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







