09 Май 2026
Cубҳи имрӯз, санаи 9.05.2026. чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар шаҳр ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд. Раҷаб Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум, захираи маҳсулот ба зимистон бо нархҳои дастрас тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад. Дар ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳосили баҳорӣ нисбат ба ҳафтаи сипаригардида, арзон пешниҳод шуда, фаровонии маҳсулоти деҳқонон эҳсос мегардид. Картошка, сабзӣ, карам, пиёз ва меваҳои баҳорӣ бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон гардид. Бояд зикр намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил намудани ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока ба ҳукми анъана даромадааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







