11 Апрель 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни «Мураббияи сол» баргузор гардид, ки дар он 3 нафар мураббиён-ғолибони даври дуюм аз кўдакистонҳои шаҳр иштирок намуданд.
Дар давраи ниҳоӣ иштирокчиён аз рӯи муаррифии маҳорати касбии худ дар фаъолияти корӣ тибқи Низомномаи озмун баромад намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дарёфт ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.
Озмун аз ҷониби роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳр ва ҳайати ҳакамон мушоҳида ва ғолибон муайян карда шуданд.
Ҳамин тавр, бо бартарии гирифтани холҳо, яъне 146 хол Наргис Ҷӯраева, мураббияи кӯдакистони хусусии “Хуршеди Истиқлол” ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббияи сол” эътироф шуда, соҳиби "Шоҳҷоиза"-и озмун гардид.
Мақоми якумро Насиба Олимова мураббияи МТТ №13 ва ҷойи дуюмро мураббияи МТТ №23 Саида Раҳимова соҳиб шуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба ғолибон ва иштирокчиёни озмуни “Мураббияи сол” диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







