04 Апрел 2026
Ҷомеаи меҳнатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилал ҳамоиши идона баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, Хурсанд Содиқзода, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фаридун Шарифзода, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд Рухсора Давлатзода, директори Литсейи касбии сохтмони шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Ёқубӣ, директори Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Гулмирзозода, соҳибкори муваффақи ҷумҳурӣ Фирдавс Дӯстов ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.
Дар саҳни муассиса хони Наврӯзӣ бо риояи суннатҳои миллӣ аз ҷумла ҳафт сину хафт шин, хӯрокҳои милли , суманаки наврӯзӣ, намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва хаймаи наврӯзӣ ороста шуда буданд.
Аъзои ҳакамон ва меҳмонон аз хаймаҳои оростаи ҳамаи шаш факултети муассиса боздид намуда, ба он баҳои баланд дода, ҷоизаи беҳтаринро дар намоиши "Анъанаҳои миллӣ" ба факултети “Кори ҳамширагӣ”, ҷоизаи беҳтаринро дар бахши "Бозиҳои миллӣ" ба факултети кори фарматсевтӣ, ҷоизаи беҳтаринро дар "Ороиши дастархони миллӣ" ба факултети кори дандонсозӣ, ҷоизаи беҳтаринро дар номинатсияи "Замзамаи суруди наврӯзӣ" ба факултети кори момодоягӣ, ҷоизаи беҳтаринро дар бахши намоиши “Либоси миллии минтақавии арӯсу домод" ба факултети кори табобатӣ ва ҷоизаи беҳтаринро дар муарифии " Хони наврӯзӣ" ба факултети кори ҳамширагӣ лоиқ донистанд.
Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ н. и. т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро муаррифӣ ва ҳамагонро бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфт.
Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилал ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон буда, гузаштагони фарҳангиву тамаддунсозамон расму ойинҳои онро ҳифзу нигоҳдорӣ карда, то ба рӯзгори мо расонидаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд. Яъне Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст”.
Наврӯз марҳалаи ҷадиди гузаштан ба фасли нави зиндагӣ, ғалабаи гармӣ бар сардӣ, ҷашни дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандӣ ва амалӣ гардидани орзуву ниятҳои нек мебошад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо суннату ойинҳои неки ин ҷашни зебои табиат, ки дар кишвари мо аз баракати Истиқлоли давлатӣ аз нав эҳё гардидааст, бо ҳикмату фалсафаи инсонпарваронаи худ ба фарҳангу тамаддуни халқу кишварҳои олам таъсири амиқ расонидааст.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ низ устодон ва донишҷӯёнро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон куҳнашавиро напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст. Бо шарофати истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаи давлату Ҳукумат Наврӯз дубора ба яке аз рамзҳои муҳими худшиносии миллӣ табдил ёфт.
Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ н. и. т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон дар баромади худ таъкид дошт, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд.
Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон бо шукӯҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукӯҳ аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад”.
Нурзода Амирҷон Рӯзихон гуфт, ки ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз барои ривоҷи табодули фарҳангҳо, густариши ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу суботи халқҳо нақши муассир мегузорад ва барои муаррифии боз ҳам бештари фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор мусоидат менамояд.
Баргузории Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ моро вазифадор менамояд, ки расму ойинҳои неки наврӯзии замонҳои куҳанро аз нав эҳё намуда, ба онҳо шукӯҳу шаҳомати тоза бахшем.
Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёӣ буда, гузаштагонамон онро чун нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози соли нав, ҷашни баҳор, бедории табиат, баробарии рӯзу шаб ва ҷашни аҳди пешдодӣ таъбир кардаанд.
Таъкид шуд, ки Наврӯз тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо рамзи пирӯзии нур бар зулмат, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, гармӣ бар сардӣ ва ғалабаи инсони бунёдкору офаранда бар нерӯҳои бадхоҳи аҳриманӣ буда, маҳз бо чунин сифату фазилатҳои олии худ то имрӯз дар байни мардуми мо маҳбубият дорад.
Тибқи урфу анъанахои гузаштагонамон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, ки баёнгари эътиқоду ихлоси мардум ба зинда шудани табиат ва рӯзу рӯзгори нав мебошад.
Яке аз анъанаҳои зебои Наврӯз омода намудани хӯрокҳои миллӣ, махсусан суманак мебошад, ки рамзи баракат, фаровонӣ ва файзи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Пухтани суманак бо ҳамроҳии суруд, рақсу шодӣ ва ҷамъ омадани занону духтарон анҷом ёфта, ин раванд рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиро тақвият медиҳад.
Нурзода Амирҷон Рӯзихон зикр дошт, ки имруз эҳёи ин суннатҳои бостонӣ дар ҷомеаи мо аҳамияти бузург дорад. Зеро онҳо на танҳо рамзи таърихии куҳани миллати мо мебошад, балки дар тарбияи маънавии ҷомеа ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ нақши муҳим мебозанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, рӯ овардан ба асли хеш ва боз ҳам беҳтар эҳё намудани расму оинҳои гузаштаи пурғановат таъкид доштанд, ки «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем».
Нурзода Амирҷон Рӯзихон дар анҷоми суханронии худ афзуд, ки мо Наврӯзи имсоларо дар даврае таҷлил мекунем, ки мардуми Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва созандагӣ барои истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинад. Дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободониву бунёдкорӣ идома дошта, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат марҳилаи нави пешрафтро таҷриба мекунад. Дар чунин шароит ҳар яки мо бояд бо эҳсоси баланди масъулият дар роҳи ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва муаррифии симои воқеии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Бигзор Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи дӯстдорони ин ҷашни куҳан файзу баракат, сулҳу субот ва хушбахтӣ оварад.
Сипас барномаи пуршукуҳи фарҳангии наврӯзӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







