14 Март 2026
Собиқадорон ва кормандони кунунии мақомоти прокуратура!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳммон дар Паёми навбатиашонба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар сухан карда, изҳор намуданд,
ки “Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некӯаҳволии халқро баланд бардорем. Бинобар ин, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд”. Дар радифи ниҳодҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мақомоти прокуратура меистад, ки яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб меёбанд ва фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст. Воқеан, кормандони мақомоти прокуратура волоияти қонунро авло дониста, назоратро дар иҷроиши қонунҳо пурзӯр мекунанд.
Ҳамасола дар қатори идҳои баҳориву оғози соли нави аҷдодӣ-Наврӯз санаи 14–уми март дар қаламрави кишварамон Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура тантана мешавад. Мо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд собиқадорон ва кормандони кунунии мақомоти прокуратураро бо иди касбӣ шодбош гуфта, бароятон саломативу рӯзгори обод ва дар иҷрои рисолати пуршараф ба хотири таҳкими дастовардҳои даврони истиқлолият, суботу оромии ҷомеа, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барор кор ва пешравиро хоҳонам.
Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни оламва кишварҳри ҳамсоя, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамоно нигаронкунанда аст. Аз ин рӯ, дар баробари кулли шаҳрвандон, кормандони мақомоти прокуратура бояд дар асоси қонунҳои амалкунанда назорати прокурориро пурзӯр намуда, барои сар назадани қонуншиканиҳо талош варзанд. Чуноне Пешвои миллат дар Паём таъкид доштанд: “Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шароити ноорому бӯҳронии ҷаҳони муосир мебошад”.
Умед дорем, ки дар соли ҷашнӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони прокуратура ва кулли алоқамандони ин ниҳод баҳри вусъат додани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон талош намуда, ба натиҷаҳои нишонрас ноил мегарданд.
Бори дигар кормандони прокуратура - ҳомиёни қонунро бо иди касбӣ шодбод гуфта, барояшон тандурустии комил, рӯзгори обод ва дар адои хизмати пуршараф барору комёбӣ, азму иродаи қавӣ таманно дорам.







