11 Март 2026
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик собиқадори матбуот Саиднабӣ Наҷимиро аёдат намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни табрикот зикр дошт, ки васоити ахбори омма ҷузъи асосии маънавият маҳсуб гардида, нақши он чун воситаи асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона муосидат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Дар ин радиф рӯзноманигорону кормандони соҳаи матбуоти тоҷик ҷиҳати баёни афкори умум, тарбияи маънавии инсонҳо, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми арзишманди хешро гузошта истодаанд. Имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои итилоотиро пур намуда истодаанд. Аҳли эҷод бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам медиҳад, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузург мегузорад ва бо истифода аз нерӯи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
Дар ин рӯз ҳамчунин аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як қатор собиқадорони соҳа, аз ҷумла Файзуллохӯҷа Атохӯҷаев, Мирзоҷон Мирзораҳматов, Муҳаррам Юсуфова, Муҳаммадзокир Қодиров ва дигарон аёдат ва тӯҳфаҳои хотиравии шаҳрдорӣ дастрас карда шуд.
Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, ба роҳбарияти олии мамлакат, вилоят ва шаҳр миннатдории хешро баён доштанд. Таъкид доштанд, ки тамоми таҷриба ва донишҳои омӯхтаи хешро дар оянда низ баҳри ободӣ ва шукуфоии сарзамини аҷдодии хеш сарф хоҳанд намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







