11 Март 2026
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди корҳои васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, дар баробари бунёди иншооти таъиноташ гуногун ба масъалаи навсозӣ ва васеъ намудани роҳҳои моҳингард таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.
Тибқи лоиҳа паҳноии ин роҳ аз буриши хиёбони Исмоили Сомонӣ ба самти микроноҳияи 8-12 то 6 метр васеъ ва корҳои сабзу хуррамгардонӣ анҷом дода мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки танбашавии нақлиёт коҳиш ёбад ва рафту омади мардум осон гардад.
Солҳои охир бо зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт ва аҳолӣ зарурати навсозии роҳҳои мошингард ба миён омада, дар шаҳри Хуҷанд марҳила ба марҳила хиёбонҳои шаҳр мутобиқ ба талаботи имрӯз навозӣ мегардад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҷараёни корҳои васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Рифъат Ҳоҷиев шинос шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати сифатнок анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







