11 Март 2026
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як гуруҳ рӯзноманигороне, ки дар ҷодаи пешбурди хоҷагии халқи шаҳрдорӣ бо нигоштаҳои хеш саҳм мегузоранд, бо Иди касбиашон табрику таҳният намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода гуфт, ки ҳамасола 11-уми март дар қаламрави кишвари маҳбубамон бо мақсади рӯ овардан ба таърихи матбуот, эътирофи қадри сухан чун нерӯи тавонои ҳидояткунандаи мардум ба сӯйи фардои босаодат, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик таҷлил мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси матбуот ва дигар расонаҳои хабарии кишвар изҳори назар карда гуфтаанд, ки “ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад”. Ва афзудаанд, ки “Имрўз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд”.
Воқеан, воситаҳои ахбори омма - рӯзномаву нашрия, маҷаллаву китоб, телевизиону радио, шабакаҳои гуногуни Интернет имрӯз беш аз ҳама чун расонандаи маълумоти навтарин ба мардум аз рӯйдодҳои шаҳру кишвар ва олам муҳимият доранд ва хидмати шоиста низ ба ҷо оварда истодаанд. Яъне “табъу нашр силоҳи муҳими таъсиррасон ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар қиёс кард”. Ва матбуотро ҳокимияти чаҳорум низ мегӯянд, ки исботи гуфтаҳои болост.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар матбуоти тоҷик рушду такомул ёфта, ба хотири пешрафту шукуфоии диёри азизамон ва мардуми сарбаланди он софдилонаю содиқона хизмат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.
Шаҳрдор изҳори боварӣ намуд, ки имрӯз ва минбаъд низ рӯзноманигорон бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳри ҳамешабаҳори Хуҷандро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам дода, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, хосатан, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода саҳм мегузоранд.
Сипас, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба як қатор рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Мирзоаъзам Мақсудов, намояндаи рӯзномаи “Народная газета” аз номи рӯзноманигорон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода арзи сипос намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







