11 Март 2026
Субҳи имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Дар кори иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, вакилони шаҳрӣ, муовини якум, муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр иштирок намуданд.
Иҷлосияро Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Сипас доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, № 484 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” дар шаҳри Хуҷанд муовини Раиси шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ маърӯза намуд.
Дар музокираи масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, №15 – Мирзобаҳодур Шаҳноза Раҳмон баромад кард.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни баррасии масъалаи мазкур аз масъулини дахлдор оид ба татбиқи бандҳои Нақшаи амали “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” дар шаҳри Хуҷанд, иҷрои бандҳои он, тақвияти корҳо дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ, дигар усулҳои ҳамкориҳои муштарак амалисозии лоиҳаҳое, ки ба рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ равона шудаанд, пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо дод.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои соҳаи маорифро зери назорати доимӣ қарор дода, ба таълиму тарбияи кўдакон машғул гардидани волидайну омўзгорон, ба китобхонӣ ҷалб кардани онҳо, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ суръат бахшида шавад. Бо назардошти эълон шудани соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раисони маҳаллаҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти ободонию бунёдкорӣ бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд байни аҳолӣ корбарӣ карда шавад. Бо назардошти эълон шудани соли 2027 соли маърифати ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон дар самти пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм ва ифротгароӣ, ки яке аз муаммоҳои ҳаёти башарият ба ҳисоб меравад, барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи худ аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ ҳарчи бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда шавад.
Сипас, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба одоби вакилӣ ва назорати иҷрои Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дўстӣ, № 25 Абдурашид Ҷалилзода ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба одоби вакилӣ ва назорати иҷрои Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба самъи ҳозирин расонд.
Сипас, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дониш, № 19 Фирўз Азимҷонов оид ба амалисозии ваколати вакилӣ шунида шуд.
Дар ҷараёни кори иҷлосия мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Равшан Раҳимзода доир ба нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд баромад намуда, тасдиқи онро аз вакилон пурсид.
Дар музокираи масъалаи мазкур муовини раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои саноат ва энергетика, коммуникатсия, нақлиёт ва шаҳрсозӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Хебитат, №40 – Инъомҷон Поччоев баромад кард.
Сипас вакилон як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷандро тасдиқ намуданд.
Сипас дар назди вакилон муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ доир ба мавзуъҳои матраҳшуда фикру андешаҳои хешро баён дошт.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтумро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём аз 16 декабри соли 2025 қайд намуданд, ки “Ман аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрўз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тўли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрўз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.
Дар робита ба суханони ҳидояткунанда ва миннатдории самимии Пешвои муаззами миллат фаъолияти дастаҷамъонаи ҳар яки мо, вакилон ва фаъолони шаҳр ба он нигаронида шавад, ки мо бояд кўшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд.
Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд. Зеро ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳиб-маърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандўсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омўзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондўстона шиори зиндагии худ қарор додаанд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки мо бо мардуми ватандўсту заҳматкаши Хуҷандшаҳр тамоми нияту нақшаҳои некамонро амалӣ мегардонем ва барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзодаро бо эҳсоси гарми ватандўстӣ иқдом намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кўдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷўйӣ менамоем.
Дар “Соли 2026 - соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардошта, Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегирем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







