09 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҳудуди Варзишгоҳи ба номи "20-солагии Истиқлолият” маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд.
Дар ин мавзеъ бо ҷалби шахсони касбу кори гуногун зиёда аз 100 бех дарахти каштан шинонида шуд. Маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят оғоз гардида, дар шафати шоҳроҳ, мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ аз тарафи шаҳрвандон ва масъулини ташкилоту идораҳо дарахтони ороишиву сояафкан ва ҳамешсабз шинонида мешавад.
Ҳамзамон, аз тарафи Раиси вилоят ва мутахассисон 4 бех дарахтони ардач шинонида шуд, ки ин дарахтон зиёда аз 20 сола мебошад.
Тибқи иттилои масъулин соли равон дар шаҳри Хуҷанд беш аз 5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан ва 2 миллион дона гулҳои ороишиву мавсимӣ шинонида мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







