06 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз дар бинои тозабунёди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода бо табибони ин муассисаи тандурустӣ доир ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 16-уми декабри соли равон ироа гардида буд, баргузор шуд.
Прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода дар оғози мулоқот таъкид намуд, ки 16 декабри соли 2025 дар толори калони Парламенти кишварамон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.
Паёми имсола бо зикри рўйдодҳои муҳимтарини соли 2025 оѓоз шуд. Президенти кишвар нахуст аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расидани Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ёдовар шуда, онҳоро рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ ва таърихӣ унвон карданд.
Ҳамчунин, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шудани қатъномаҳои махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», инчунин ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, дар пойтахти мамлакат баргузор шудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯйдодҳои дигари муҳимми сол арзёбӣ шуданд.
Ин ҳама гувоҳи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ маҳсуб мешавад.
Прокурори шаҳр таъкид намуд, ки яке аз нуқтаҳои муҳими дигаре, ки дар Паём садо дод, таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими ҳуввияти миллӣ, аз байн бурдани хурофоти динӣ ва ҷоҳилпарастӣ, омӯзиши таърихи пуршарафи миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик буда, роҳбари давлат хотиррасон намуданд, ки маҳз бо ҳамин ҳадаф Қуръони Шариф ба забони тоҷикӣ, асари Аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва достонҳои ҷовидонаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бознашр ва ба ҳамаи оилаҳои Тоҷикистон туҳфа гардида, садҳо асари дигари таърихию адабӣ барои тарбияи насли наврасу ҷавон рӯи чоп омаданд.
Ин амалҳо маҳз ба як мақсад равона карда шуданд: Халқи тоҷики имрӯза давоми он насле ҳаст, ки дар саргаҳаш бузургони дар боло зикргардида меистанд ва ин миллат давоми насли босаводу маърифати баланд буда, таҳти шиори бузурги инсондӯстонаи “Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” ҳаёт ба сар мебарад.
Тавре ки маълум аст, Президенти мамлакат дар Паём пешрафти даҳ соли кишварро дар ҳамаи ҷодаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, ки талоши доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Роҳбари давлатанд, маҳаки асосии Паём буда, мақсади ниҳоӣ- ин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Сарвари давлат зимни ироаи Паём нишондодҳои воқеии иқтисодии мамлакатро ба самъи мардум расонда, изҳор доштанд, ки дар паси ҳар як дастоварди меҳнатӣ заҳмати мардуми шарифи Тоҷикистон қарор дорад ва ба мардуми заҳматкаши кишвар, аз он ҷумла, соҳибкорону кишоварзон ва дигар табақаҳо сипосгузории самимӣ баён намуданд.
Бахтиёр Нозимзода афзуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хеш ободии сарзамин, зиндагии босаодати шаҳрвандон ва амнияту осудагиро дар мадди аввал гузошта, гаштаву баргашта таъкид бар бузургии миллати тоҷик карданд ва ҳамчунин дар назди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати асосии худро дар таъмини амният ва фароҳам овардани зиндагии шоиста маънидод сохтанд. Сиву чор соли соҳибистиқлолӣ воқеан нишон дод, ки дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат рушд ва некӯаҳволии халқи маҳбуб меистад.
Ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки танҳо дар даҳ соли охир дар кишвар 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Буҷети соҳа аз 1 миллиарду 37 миллион сомонӣ дар соли 2015 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонда шуда, ба андозаи 4,2 баробар афзудааст.
Бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки иншооту таҷҳизот ва маблаѓҳои пешбинишаванда Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки масъалаи мукаммалсозии низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, гузариш ба низоми ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои соҳаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намояд ва ҷиҳати татбиқи ислоҳоти навбатӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешад.
Зарур аст, ки ҷавобан ба дастгириҳои Ҳукумати кишвар масъулин бояд тадбирҳои амалӣ андешанд. Президенти маҳбубамон қайд карданд: «Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад».
Прокурори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Нозимзода дар анҷоми суханронии худ таъкид намуд, ки Паёми ироагардидаи Пешвои муаззами миллат чун Паёмҳои қаблӣ саршор аз ғояҳои ватану ватандорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, он моро водор месозад, ки ҳамеша таъкидҳои роҳбари давлатро вобаста ба аз худ намудани илмҳои муосир, иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ, нигоҳ ва пос доштани таъриху тамаддун ва фарҳанги бою пурғановати тоҷикон, арҷ ва эҳтиром гузоштан ба суннату анъанот, муқаддасоти миллию умумибашарӣ ҳамчун дастури ҳамешагии амал барои ҳар як рӯзи ҳаёту фаъолият қарор дода, баҳри дар амал иҷро намудани онҳо саъю талош варзем.
Бояд ҳар яки мо, ҳар як шахсе ки Ватани худро дуст медорад Паёми Пешвои миллатро шиори ҳаррӯзаи худ қарор дода, баҳри ҳифзи арзишҳои маънавӣ, таърихӣ, якпорчагии кишвари соҳибистиқлолу биҳишосоямон ва рушди минбаъдаи он дастаҷамъона саҳми арзандаи худро гузорем.
Сипас, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода бо табибони Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд доир ба мавзуъоти рӯзмарраи ҷомеа суҳбати озоду ошкоро намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода иштирок ва суханронӣ кард.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







