06 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода лоиҳаи васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, дар баробари бунёди иншооти таъиноташ гуногун ба масъалаи навсозӣ ва васеъ намудани роҳҳои моҳингард таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо лоиҳаи васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Рифъат Ҳоҷиев шинос шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати сифатнок анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо дод.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа паҳноии ин роҳ аз буриши хиёбони Исмоили Сомонӣ ба самти микроноҳияи 8-12 то 6 метр васеъ ва корҳои сабзу хуррамгардонӣ анҷом дода мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки танбашавии нақлиёт коҳиш ёбад ва рафту омади мардум осон гардад.
Солҳои охир бо зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт ва аҳолӣ зарурати навсозии роҳҳои мошингард ба миён омада, дар шаҳри Хуҷанд марҳила ба марҳила хиёбонҳои шаҳр мутобиқ ба талаботи имрӯз навозӣ мегардад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







