05 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба МТМУ №11 ва №12 ташриф оварда, ба азнавсозии ин биноҳои таълимӣ санги асос гузоштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаи биноҳо, ки аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ бунёд карда мешавад, таъкид дошт, ки муассисаҳои таълимӣ бо назардошти талаботи замони муосир сохта шавад.
Таъкид шуд, ки солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд сиёсати маорифпарваронаи Давлату Ҳукуматро соҳибкорон, аҳолӣ ва шахсони алоҳида дастгирӣ намуда, дар бунёди иншооти соҳаи маориф саҳми муассир гузошта истодаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







