05 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Санаи 4-уми феврали соли 2026 мулоқоти навбатии сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи "Масчиди Савр"-и шаҳр баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки вохӯрӣ дар доираи иҷрои нақшаи муштараки рушди иҷтимоӣ ва тақвияти робита бо ҷомеа бо усули "Маҳал ба маҳал" ташкил шуда, ҷараёни он дар фазои озоду ошкоро сурат гирифт.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Мунзифа Ҷабборӣ, имом хатиби масҷиди ҷомеи "Бобохӯҷа" Саидикромов С. ва сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр Султон Ғафуров иштирок ва баромад намуданд.
Ҷамшед Набизода дар баромади худ ба масъалаи ободии Ватан, ҳифзи сулҳу суботи пойдор ва нақши ҳамбастагии миллӣ дар рушди ҷомеа таъкид карда, зикр намуд, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ омили муҳими пешрафти кишвар мебошад.
Мунзифа Ҷабборӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии терроризму экстремизм, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва риояи фарҳанги либоси миллиро ба миён гузошта, ҳифзи анъана ва одатҳои миллӣ – ро вазифаи ҳар як шаҳрванди худшинос хонд.
Ходими дин, дар навбати худ оид ба риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, меъёрҳои иҷтимоӣ ва нақши дин дар таҳкими маънавияти ҷомеа андеша баён намуд.
Мулоқот дар шакли саволу ҷавоб идома ёфта, ба сокинон имкони мустақим иброз доштани фикру пешниҳодҳо фароҳам овард.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







