31 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
«Шоҳнома» ҳамчун бузургтарин ёдгории таърихию адабии ҷаҳони форсу тоҷик дар тӯли ҳазорсолаи охир манбаи илҳом, худшиносӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ гардидааст. Ин асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо забони хирад, далерӣ ва ватандӯстӣ таърихи пурифтихори ниёгони моро ба наслҳои нав меомӯзонад ва онҳоро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ мекунад.
Иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақдим намудани «Шоҳнома» ба ҳар хонадон ҳамчун туҳфаи фарҳангӣ ва маънавии беназир аҳамияти хеле бузург дорад. Ин амал агар аз як тараф арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва эҳтироми гарму самимӣ ба фарҳанги миллӣ бошад, аз тарафи дигар, дурнамоест, ки ба тарбияи маънавии ҷомеа, махсусан ҷавонон, таъсири амиқ мерасонад.
Санаи 30 январи соли 2026 дар "Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" ба сокинони маҳаллаи Темурмалик тақдими туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - китоби “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ баргузор гардид. Зимни маросими тақдимнамоӣ ба собиқадорон таъкид гардид, ки тӯҳфаи “Шоҳнома” ба ҳар як хонадони кишвар барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии сокинон ва эҳёи ҳофизаи таърихӣ хизмат мекунад. Тақдими ин асари безавол яке аз иқдомҳои навбатии Роҳбари давлат дар самти баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллии сокинон ба ҳисоб меравад.
Сипас, ба як қатор фаъолон ва собиқадорон ду ҷилдӣ китоби “Шоҳнома” тақдим карда шуд. Тӯҳфагирандагон иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо руҳияи баланди ватандӯстона истиқбол намуда, миннатдории самимии худро ба Президенти кишар баён доштанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







