30 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз, санаи 30.01.2026., Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, бо роҳбарони ширкатҳои сохтмонии шаҳр мулоқоти озоду ошкоро намуд.
Фирдавс Шарифзода дар оғози ҷаласа иттилоъ дод, ки бо таҷлили бошукӯҳи ҷашни соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳаёти мардуми кишвар як марҳалаи рӯҳбаландии бесобиқа оғоз гардид, ки он ба хурду бузурги Тоҷикистон дар роҳи боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон илҳому неруи тоза мебахшад.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 1095 иншоот бунёд карда шуда, иҷрои нақшаи умумии панҷсола 115 фоиз иҷро шуд.
Раиси шаҳр ба сохтмончиён, меъморону лоиҳакашон, мутахассисон, кормандони муҳандисиву техникӣ ва коргарон, инчунин сармоягузорон ва ҳамаи онҳое, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди иншооти мухталиф саҳмгузорӣ мекунанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Махсусан ба он нафароне, ки дар бунёди иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ саҳм гузоштанд, миннатдорӣ баён кард.
Фирдавс Шарифзода дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзодаро дар мавриди бунёдкорию созандагӣ ба самъи сохтмончиён расонид.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Суҳроб Самадзода доир ба раванди сохтмону бунёдкорӣ дар шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни таҳлилу баррасии вазъи соҳа, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили муҳимтарини корҳои сохтмонӣ ҷалб намуда, ба сифати корҳо, истифодаи масолеҳи ватанӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ҳиссагузорӣ дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, иншооти соҳаи маориф ҷалб намуда, аз роҳбарони ширкатҳо даъват ба амал овард, ки дастҷамъона дар самти вусъат додани созандагиву бунёдкорӣ ва сохтмону азнавсозии иншооти маъмурӣ, маишӣ ва фарҳангӣ, ки солҳои охир оғоз ёфтаанд, азм намуда, ба зебо гардидани симои меъморӣ ва ба шароити замони муосир ҷаобгӯ намудани он ҷаҳд намоянд.
Таъкид шуд, ки миллати мо аз қадим шаҳрсозу шаҳрдор буд, яъне шаҳрсозӣ ва маданияти шаҳрдориву шаҳрнишинӣ суннати деринаи мардуми мо ва ҷузъи муҳими тамаддуни он ба ҳисоб меравад. Дар мавриди сохтмон, сарфи назар аз таъиноти иншооти бунёдшаванда, бояд дар навбати аввал нақшаи генералии шаҳр риоя гардад ва ба сифати корҳои иҷрошаванда, инчунин истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Роҳбарони ширкатҳои сохтмонии шаҳри Хуҷанд дар навбати худ миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ширкатҳои сохтмонии кишвар ва барои шароити мусоид фароҳам овардан изҳори сипос намуда, нақшаю иқдомоти созандагии хешро барои ҳиссагузорӣ намудан дар иншооти соҳаи иҷтимоӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пешниҳод намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







