30 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Бахшида ба таҷлили Иди Сада дар партави эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Сада -ҷашни қадимаи халқиятҳои ориёинажод” баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонзода ширкат намуданд.
Чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Мухбира Ҷӯрабоева ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро ра квсида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати ҷашни Сада ба самъи ҳозирин расонд.
Таъкид шуд, ки ҷашни Сада дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон тавассути талошу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, бо пешниҳоди кишвари азизамон 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Зикр гардид, ки ҷашни Сада аз қадимулайём бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди қавӣ дошта, ҳамчун ҷузъи фарҳанги маънавии халқи тоҷик дар тўли қарнҳо барои муаррифии мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёдамон ва ҳифзи беҳтарин арзишу суннат ва расму ойинҳои миллӣ нақши арзишманд гузоштааст.
Дар рафти конфронс мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Мӯнисахон Умарова дар мавзӯи "Сада- ҷашни қадимаи халқҳои ориёинажод", мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Мутриба Ҳакимова оид ба " Ҷашни Сада мероси фарҳангии милии халқи тоҷик" ва омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ Ҳасан Мансуров дар мавзӯи " Таърих ва моҳияти ҷашни Сада" (бо забони англисӣ) маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа намуданд.
Барномаҳои фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







