(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt29 январи соли 2026 дар майдони Чойхонаи миллии “Қасри маданияти Арбоб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада бо риояи анъанаю русуми аҷдодӣ ва намоиши техникаи кишоварзӣ, ниҳолҳои ороишӣ, мевадиҳанда ва сояафкан, тухмии сабзавоту полезиҳо, асбобу анҷоми соҳаи токпарварӣ, таомҳои миллӣ, тухмии ғалладонагӣ ва хўшаҳо, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, хушкмева ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва шириниҳои миллӣ таҷлил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва дигар меҳмонон аз растаҳои идона боздид намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сокинони сарбаланди вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни Cада, ки аз ҷумлаи ойинҳои бузурги ниёгони шарафманди мо маҳсуб меёбад, табрик гуфт. Қайд карда шуд, ки ҷашни Сада дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон тавассути талошу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, бо пешниҳоди кишвари азизамон 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҷашни Сада аз қадимулайём бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди қавӣ дошта, ҳамчун ҷузъи фарҳанги маънавии халқи тоҷик дар тўли қарнҳо барои муаррифии мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёдамон ва ҳифзи беҳтарин арзишу суннат ва расму ойинҳои миллӣ нақши арзишманд гузоштааст.
Тибқи тақвими суннатии тоҷикон чиллаи калон аз 22-юми декабр оғоз шуда, шаби даромадани чилларо гузаштагони мо бо номҳои «Шаби чилла» ва «Шаби ялдо» ҷашн мегирифтанд ва баъди тамом шудани чиллаи калон, ки ба 30 январ рост меояд, ҷашни Садаро таҷлил мекарданд. Ин ойин маънои онро дошт, ки даврони сардӣ ба поён расида, мавсими баҳор ва оғози киштукор наздик мешавад. Ба ин маънӣ, Сада рамзи пирўз омадани гармиву равшанӣ бар сардӣ ва торикӣ маҳсуб шуда, рамзи асосии он - манбаи равшанию нур, яъне оташ мебошад. Бинобар ин, оташафарўзӣ дар ҷашни Сада ба суннату оинҳои дини зардуштӣ ё оинҳои дигар робитае надошта, балки баёнгари робитаи мустақим ба табиат ба шумор меояд.
Дар бораи ҷашни Сада дар осори илмию фарҳангии гузаштагонамон, аз ҷумла, дар осори Абулқосими Фирдавсӣ, Абўбакри Наршахӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Абўрайҳони Берунӣ ва дигарон санадҳои ҷолиб мавҷуд буда, ҳамагон дар масъалаи моҳияти ҷашни Сада, ки пирўзии рўшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадиро ташкил медиҳад, андешаи ягона доранд. Аз ин лиҳоз, дар даврони гуногун ин санаи хуҷастаро мардум бо афрўхтани гулханҳои бузург ва дар атрофи он барпо кардани шодию сурур гиромӣ медоштанд.
Воқеан ҳам ҷашни Сада аз ойинҳои мубораку хуҷастаи гузаштагони мо ба ҳисоб рафта, дар вуҷуди худ муҳимтарин падидаҳои ахлоқиву иҷтимоӣ, рўйдодҳои марбут ба табиат, пирўз гардидани нур бар торикию зулмат ва оғози гармию равшаниро инъикос намудааст ва новобаста аз монеаву бархурдҳои мухталиф, ки дар баъзе даврони таърихӣ нисбати оину фарҳанги миллии мо сурат гирифтааст, Сада низ чун Наврўзу Тиргон ва Меҳргон бо унсурҳои созанда ва тамаддунофари худ устувору побарҷо то замони мо расидааст.
Бо гузашти замон дар таркиби Сада падидаҳои дигари фарҳанги миллии мо, аз ҷумла сурудхонӣ, маросими хурсандиву шодмонӣ, иҷрои ҳаргуна бозиҳои варзишиву миллӣ ва монанди инҳо ҳамроҳ гардида, онро чун ҷашни сурури мардум ва ойини мубораку хуҷастаи ифодагари фазилатҳои неки инсонӣ муаррифӣ намуд.
Баробари ин, пайванд бахшидани бархе аз русуми кишоварзӣ, аз ҷумла ниҳолшинониву тоза кардани хонаву дар, муҳити атроф ва ҷўйборҳо ба ин ҷашни миллӣ, ҷанбаи шоистаи табиӣ доштани Садаро таъкид намуда, дар канори Наврўз ва Меҳргон ҳамчун ҷашни бузурги кишоварзиву деҳқонӣ шуҳрат бахшид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар арафаи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон якҷову ҳадафмандона, бо рўҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрўи он дар арсаи байналмилалӣ кўшишу талош менамоянд.

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...