29 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз, санаи 29.01.2026 Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз ҷумла ноибони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев, роҳбари шуъбаи иншооти варзишии Федератсияи футболи кишвар Абдураҳмон Охунзодаро ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бахусус Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгириҳои доимӣ дар самти рушди футбол изҳори сипос кард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳр 7 адад варзишгоҳ ва 30 адад майдончаи махсус барои бозии футбол амал мекунад. Соли ҷорӣ 20 адад майдончаҳои футбол дар микроноҳияҳои шаҳр ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи он ба ҳадафи рушди футбол нигаронида шудааст.
Ҳамзамон баҳри рушду густариши ҳамаҷонибаи футбол бо дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода як қатор иншооти варзишӣ барои бозии футбол бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Ҳамасола баҳри ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба варзиши намуди футбол мусобиқаҳои варзишӣ аз рўйи намуди футбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳр”, “Тўби чармин”, «Бойчечак» ва ғайраҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
Ноибони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти шаҳр ба рушди футбол тавсиф намуда роҷеъ ба омодагии дастаҳои шаҳри Хуҷанд ба мавсими нави футбол, таҳкими инфрасохтори варзишӣ, дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои нав аз байни наврасону ҷавонон ва ғайра ибрози андеша намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи рушди ҳамаҷониба ва дастгирии дастаҳои футболи ҷавонон, бонувон ва намуди футзал дар шаҳри Хуҷанд матраҳ карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







