29 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар гимназияи хусусии “Ганҷ”-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии “Ҳофизхонӣ” баргузор гардид. Довталабони даври ниҳоии озмун бо маҳорати баланд аз ашъори шоири забардасти тоҷик Ҳофизи Шерозӣ ғазалҳо қироат ва аз рӯзгори ибратбахши шоир нақлҳо намуданд.
Ҳайати доварон ба донишу истеъдод ва маҳорати наттоқии довталабон баҳои воқеӣ дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷойи аввалро насиби Комилҷон Комилҷонзода хонандаи МТМУ №3, Марямхон Исмоилӣ, муҳассили гимназияи хусусии “Ганҷ” ва Алиакбар Обидов талабаи мактаби хусусии “Ирфон” ба даст оварданд.
Мақоми дуюмро Мирзоумар Мирзоҷонов, Марворид Холиқбекзода ва Ганҷина Набиева муҳассилини МТМУ №10, 25 ва №30 соҳиб шуданд.
Зинаи сеюмро дар озмуни “Ҳофизхонӣ” Оиша Муҳаммадова, Адиба Азимова, Оиша Маҷидова ва Манижа Тоҳирова хонандагони МТМУ №5, 9, 14 ва мактаби тоҷикию русии ба номи Чехов ишғол намуданд.
Озмун намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ, ғолибонро бо сипосномаю туҳфахои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани маҳорати суханварии хонандагон, бедор намудани завқи шеърдонию сухандонии онҳо, эҳтиром гузоштан ба ашъори ниёгон ва ҳифзу аз бар намудани ғазалиёти оламгири шоирони классики тоҷику форс мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







