27 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» сокинони маҳаллаи "Содирхон Ҳофиз"-и шаҳри Хуҷанд соҳиби китоби "Шоҳнома" шуданд.
Дар доираи ин иқдоми маънавию маърифатпарварона ба 1350 адад оилаи маҳаллаи "Содирхон Ҳофиз" ду ҷилди нусхаҳои ин китоби таърихию адабӣ тақдим мегарданд.
Субҳи имрӯз тақсимоти расмии ин шоҳасар бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва кумитаи маҳалла оғоз гардид.
Бояд қайд намуд, ки шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» дар нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд ва бо теъдоди умумии 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.
Ин ташаббуси фарҳангпарварона дар баробари дигар иқдоми маънавии Сарвари давлат, аз ҷумла тақдими асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» ба ҳар хонадон ба таҳкими ҳувияти миллӣ, болоравии маърифати фарҳангӣ ва бедории фикрии ҷомеа мусоидат менамояд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







